Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ИМКОНИЯТҲОИ МАН ДАР ИНТЕРНЕТ

Илова ба расонаҳои расмӣ, имрӯз бисёр материалҳои иттилоотӣ ва фароғатӣ дар Интернет, ки истифодабарандагон худашонро ташкил медиҳанд,

вуҷуд доранд. Ҳар рӯз, истифодабарандагони Интернет шоҳиди ҳодисаҳои гуногун мегарданд, ва телефонҳои замонавӣ ба онҳо имкон медиҳанд, ки расм гиранд ё ҳатто видео ба навор гиранд. Бинобар ин, имрӯз дар Интернет шумо метавонед доираи васеи иттилоотро аз ҷониби одамони оддӣ пайдо кунед. Аҷоиботи кор дар он аст, ки маълумотҳо дар форматҳои рақамӣ ҳазорҳо ва миллионҳо одамонро фавран бохабар мекунанд, ва дар ин ҳол ҳар як шахс метавонад сарчашмаи муҳиме гардад, ин «ВАО-ҳои нав» номида мешавад.

ВАО-и анъанавӣ низ кӯшиш мекунанд, ки аз технологияи замонавӣ қафо намонад.
Масалан, имрӯз ҳар як канали телевизион рақами худро дорад, ки сокинони Қирғизистон метавонанд хабарро дар формати видео ба онхо фиристанд. Видеоҳои аз ҳама актуалӣ аз телеканалҳо пахш мешаванд. Маълумоте, ки дар ин сайтҳо нашр шудаанд аксар вақт боиси тағӣироти воқеии ҳаёт мегарданд, ба монанди қатъ ё барҳам додани партовгоҳҳо ва ё ҷойҳои сохтмонӣ, ҷазо гирифтани мансабдорон ва ғайра.

пешина
аз 126
навбатӣ