Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан

ОМӮЗГОР: “МИСЛИ ГАДО ШУДАЕМ”

Омӯзгорон мегӯянд, ҷамъоварии пул барои либоси мактабӣ барояшон хеле мушкил аст ва ба обрӯи касбии онҳо латма мезанад. Онҳо мегӯянд, ба хотири ингуна супоришҳои мақомот, ки баҳсбарангез ҳастанд, мақому мартабаи омӯзгор дар чашми хонанда ва ҳам оилаи он кӯдак паст мешавад. Як омӯзгор, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, мақомоти Тоҷикистон бо ингуна тасмиму ба истилоҳ тавсияҳояшон намефаҳманд, ки обрӯи намояндаи давлат – омӯзгорро мебаранд ва дар натиҷа хонандагон ба омӯзгор на барои донишу малака, балки ба як нафари талбанда баҳо медиҳад.
Наргис Шукурова, омӯзгори дигаре аз як мактаби шаҳри Кӯлоб, гуфт, замони рухсатии тобистона расидааст, вале барояшон супориш шудааст, то маблағи либоси мактабиро ҷамъ накунанд, ба рухсатӣ нараванд. Ӯ гуфт, «ба ҳар роҳбари синф гуфтанд, ки аз хонандаҳо пул ҷамъ кунед. Бовар кунед, дирӯз ба як хона рафтам, модари талаба мегӯяд: «гадо ҳастед, ки ин қадар аз мо пул талаб мекунед?» Мо назди волидон ганда мешавем. Дар тӯли як ҳафта аз як синфи 20-нафарӣ фақат 9 нафар пул додааст”.

Як омӯзгор аз ноҳияи Ҷайҳун (Қумсангири собиқ) бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷалби омӯзгорон ба чунин маърака онҳоро аз вазифаи асосиашон, яъне таълими насли наврас дур кардааст. Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, аз аввали соли таҳсил кори омӯзгор танҳо ҷамъ кардани пул аст.

«Пули либос, пули обуна, пули таъмири мактаб, пули узвия ба Ҳизби халқӣ-демокартӣ ва даҳ намуди дигарро омӯзгор ҷамъ мекунад. Мо як пулҷамъкунак ё мисли чекчинаки бозор шудаем”, - афзуд ӯ.

пешина
аз 126
навбатӣ