Зеҳн
САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.

Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа

Ҷомеа
Аз аввал хондан
  1. Боз кӣ барои пурра кардани тасвири ҳодиса метавонист бо мусоҳиба баромад кунад? Боз кадом маълумотро барои пурра кардани тасвирӣ ҳодиса илова кардан лозим аст?

Дар маводи мазкур мусоҳибаи мусоҳибаи психолог, ки дар бораи он чиҳо метаврнад ноболиғонро тундрав (агресивӣ) мекунад. Мавҷуд набудани иттилоот дар бораи дигар омилҳое, ки ба психологияи наврасон ва афзоиши ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон оварда мерасонанд. Маводи мазкур ягон маълумотӣ оморӣ, ё дигар далелҳоеро дар бар намегирад, ки оиди афзоиши ҷинояткорӣ наврасон нақл карда бошад.
Муаллим мегӯяд, ки ин хатои волидайн аст.

Саволҳои водоркунанда барои муаллим: Оё волидон метавонанд дар ин масъала сухан ронанд? Кадоме аз мутахасисон, ки аз рӯи хусусияти касбиашон метавонанд дар бораи психологияи наврас гап зананд? Оё дар мавод мусоҳиба бо психолог вуҷуд дорад? Журналист дар мавод ба масъала яктарафа нигоҳ кардааст? Оё мебоист, мусоҳиба бо кормандон ва мутахассисон низ гирифта шавад, ки метавонистанд ақидаи худро баен кунанд? Кӣ метавонад дар бораи масъалаҳои муосир, ки ба психологияи наврас таъсир мерасонанд, сӯҳбат кунад? Оё шумо дар ин мавод тасвири пурраи вазъиятро дар бораи ҷинояткории ноболиғон мебинед? Шумо аз дидани мавод, ба чӣ хулоса омадед, оё ҷинояткорӣ мувофиқи он меафзояд, ё баръакс коҳиш меёбад.
5. Оё далелҳо аз фикру ақида ҷудо карда шудаанд? Оё фикру ақидаҳо ҳамчун далел оварда шудаанд? Агар бошад намунаҳо нишон диҳанд.
Қисман, далелҳо аз фикру ақидахо ҷудо нашудаанд. Журналист бо фикри баҳодиҳандаи худ ақидаҳоро омехта месозад Баъди каҷрафтории фарзандон ва доғдор гаштани шахсияти онҳо, баҳона пеш овардан ба ғайр аз худсафедкунӣ маънии дигар надорад. Ба иттилои тафтишоти пешакӣ, ноболиғон барои иҷрои дуздӣ, аз автомашинаи падари ноболиғ Шоҳбек Кимсанов истифода намуданд. Чӣ гуна сабукрав дар дасти ноболиғони чапдаст қарор гирифт ва чаро шабгардии фарзандонро волидайн пешгирӣ накардан? Аз саволҳое мебошанд, ки ҷавобаш ба зиммаи волидайн аст.

Саволҳои водоркунанда барои муаллим: Пурсед, кадом омилҳо сабаби содир кардани ҷиноят гаштанд?

пешина
аз 126
навбатӣ