САВОДИ РАСОНАВӢ ВА ИТТИЛООТӢ

Маводҳои методӣ барои омӯзгорони синфҳои 9-11, ки фанни Инсон ва ҷомеа (Ҷомеашиносӣ/Ҳуқуқшиносӣ) дарс медиҳанд, тавсия шудааст.
Агенти Зеҳнӣ · 13 октябри 2026 · 126 саҳифа
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон пофишорӣ дорад, ки омӯзгоронро барои ҷамъоварии маблағ касе маҷбур накардааст, вале тариқи омӯзгорон ба волидон гуфтаанд, ки аз корхонаҳои маҳаллӣ либос бихаранд.
Икромиддин Донахонов, як масъули Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеҷ кас ба рухсатӣ рафтани омӯзгоронро маҳдуд накардааст. Танҳо ба гуфтаи ӯ, дар маҷлисҳои хос дар мактабҳо аз волидон хоста шудааст, ки аз корхонаҳои маҳаллӣ либоси мактабӣ бихаранд. Ӯ гуфт, «асосан, ин ба хотири ҳимоят аз истеҳсолкунандагони ватанӣ ва рушди иқтисоди кишвар роҳандозӣ шудааст. Ин тавсиявӣ ҳаст.
Фақат либос бояд стандартӣ, дилписанд, шинам бошад.»
Эҳсони Хушвақт, сухангӯи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, рӯзи 24-уми июн дар як номаи расмӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки вазорат дар хусуси ҷамъоварии маблағ барои харидани либоси мактабӣ аз тарафи омӯзгорон ё инки мудирони мактаб дастур надодааст. «Ин амал бояд аз тарафи волидони хонандагон ва соҳибкорони ватанӣ дар корхонаҳои истеҳсолӣ ё ярмарка-фурӯшгоҳҳои ашёи хониш ва мактабии дар шаҳру ноҳияҳобуда сурат гирад», - гуфт ӯ.
Солҳои гузашта танҳо дар моҳи август харидории либоси мактабӣ шурӯъ мешуд, вале имсол се моҳ қабл аз падару модар хоста шуд, то барои таҳияи либос қаблан маблағ супоранд.
Фаррух Ҷабборов, масъули як ширкати таҳияи либоси мактабӣ дар Хатлон, рӯзи 24- уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ҳоло ба он хотир аз ба таҳияи либос оғоз кардаанд, ки як моҳ қабл аз таҳсил фурсат пайдо намекунанд. “Пешниҳоди мо ин буд, ки дархост барвақттар шавад. Дар як моҳ мондан кор мушкил мешавад. Хонанда зиёд аст. Баъзан, андозаи либос рост намегирад. Аз пеш омода шавад, ҳам барои мо хуб аст ва ҳам барои хонанда”, - гуфт ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё