Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

МаърифатАдабиётТаърих
Аз аввал хондан

биёрам. Боре, зимистони қаҳратуни шаҳри Бухоро буд, ду косаро гирифта рафтаму қаймоку оби набот харидам. Он вақт дастпӯшак набуд. Дар танам як ҷомачаи пахтаноки остинкӯтоҳ, дар поям кафш... Бо ҳамин ҳол дар ду даст ду коса ба сӯи ҳавлӣ равон шудам. То ба ними роҳи ҳавлӣ тоқат кардам, баъд гиряро сар кардам. Дар кӯчаҳо касе набуд, ки ба ман ёрӣ расонад, ё гӯяд, ки ба ягон ҷо косаҳоро монда, дастонатро бо ҳурми даҳонат гарм кун, баъд боз рафтан гир! Не, бо дастони яхбаста, каб-кабуд гашта, ки ба дарди ҷонқарош даромада буд, аз дарвозаи ҳавлӣ фарёдзанон даромадам. Ҳамаи бошандагони ҳавлӣ, хусусан хоҳарам хеле тарсиданд, ки ба ман чӣ шуд, чӣ ҳодиса рӯй дода бошад. Дарҳол косаҳоро аз дастам гирифтанд ва дастони маро ба сандалӣ дароварда молиданд ва таскинам доданд.

Пас аз ду-се моҳ ҳавлии аммапошшоро кушода ба худашон доданд. Чизу чораҳои он кас ба ҳар ҳол чандон талаю тороҷ нашуда будааст. Аммапошшо кӯчида буданд, ки кори мо саҳлтар шуд, зеро ки мо гоҳо дар ҳавлии он кас хӯрок мехӯрдем. Ҳамон сол (1921), пас аз шаш моҳ падарамро аз ҳабс озод карданд. Рӯзҳои аввали аз ҳабс баромаданашон, падарам дар ҳавлии аммапошшо зиндагӣ мекарданд. Баъд ҳукумат аввал аз гузари Саройи Сабзӣ ҳавлии мусодирашудаи «Қозӣ Закун» ном шахсро доданд. Мо кӯчида ба он ҷо рафтем.

Шавҳари аммаам - Ҳидоятуллохоҷа одами нағз, содда ва беозор буданд. Бисёр вақт дар болои суфачаи пеши дарвоза як пояшонро дароз карда, асо дар даст менишастанд. Мо бачаҳо, ки серғавғо ва шӯх будем, ба ҷонашон мерасонидем. Баъд маро чеғ мезаданд:

  • Ӯ, ӯ! - мегуфтанд, инҷо биёед, ҷони амак, инҷо биёед!
    Ман суханашонро рад накарда меомадам. Маро аз дастам
пешина
аз 339
навбатӣ