Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
гулзор буд, ки дар он ҳар хел гулҳо (нозбӯ, садбарг, гули зард) мерӯиданд. Дар болои суфа як хонаи калони каршасти бо даҳлезаш ҷо гирифта буд. Аз даҳлизи он дари боз як хонаи начандон калон, ки хонаи рӯ ба қибла ном дошт, кушода мешуд. Хонаи калон хеле баҳаво, сақфаш баланд, се дар ва тиреза, дар болои тирезаҳо тобадонҳо дошт. Ман вақто ки домод шуда, ба он хона даромадам, ҳамеша орзуям буд, ки дар поёни хона дар як тараф пиёнина ва дар тарафи дигар сандук ва ба болои сандук кӯрпаву кӯрпачаҳо раҳ карда чида монда шудагӣ бошад. Орзуи якум муяссар нашуд, лекин орзуи дуюмин ба амал омада буд. Боз дар он ҳавлӣ хонае буд рӯ ба Шарқ, ки онро хонаи «баланд» меномиданд, пас аз домод шуда омадани ман дар он хона аммапошшо истиқомат мекарданд.
Дар рӯзҳои аввали инқилоб, ки ҳамаи ҳавлиҳои хешони қозӣ Бурҳониддин мусодира ва баста шуда буд, аксарияти хешон дар ҳавлии Ака Шарифхон (писари Қиёмиддинмахсум, ки кайҳо вафот кард, ҳавлию ҷояш ба писару занаш – холай «Судур» монда буд) истиқомат дош- тем. Ин ҳавлӣ дар рӯ барӯи ҳавлии аммапошшо буда, хеле калон буд. Берунаш иборат аз саботи калон, болохона, дарунаш ҳавлии серхона, сертаҳхона ва серболохона буд. Дар як хона мо – ояи калонӣ бо фарзандонаш ва ҳар сеи мо, холай «таи манфӣ», ки хоҳари модари ака Шарифхон бу- да, як духтар аз қозӣ Бурҳониддин доштанд, ки номаш Маъсумахон аст (ҳоло дар қайди ҳаёт буда, аз Умедҷонов шавҳараш як писару ду духтар дорад). Дар хонаи дигар аммапошшо бо се фарзандашон, дар як хона худи ака Ша- рифхон бо модараш ва дар хонаи поёни суфа наздикони дигар ва хизматгорон буданд... Ҳеҷ фаромӯшам намеша- вад: ҳар пагоҳ ба ман ду коса медоданд, пул медоданд, ки рафта аз «Бозори нав» ҳалвои обинабот ва қаймоқ харида

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё