Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
дошта истода, хуб насиҳат медоданд; шӯхӣ накунед, бисёр надавед, одам монда мешавад, пояш ба санг хӯрда хуншор мегардад ва ғайра ва ҳоказо...
Ҳамин сергапии он касро дониста дигар бачаҳои шӯх ба наздашон намерафтанд. Лекин ман босаброна ба гапҳояшон гӯш дода, хуб, хуб мегуфтам. Бинобар он маро дӯст медоштанд.
Соли дигар, вақто ки ҳукумати Бухоро қозигиро барқарор кард, Ҳидоятуллоҳоҷаро ба Вобканд қозӣ карданд. Он кас ҳамроҳи худ бародари маро — Нуриддинҷонро, ки ҷавони дастёр шуда буд, гирифта бурданд. Дар ин миён хоҳари Саодат – Мунъимахон аз касалии сил вафот кард. Барои сиҳат кардани вай аммаам ва падарам ҳар чӣ ки аз дасташон омад, карданд, вале нашуд. Он вақт медицина камқувват буд, дорую даво набуд.
Ин марги бемаҳал ҳамаи аҳли байтро ба мотам ва андӯҳ мегузорад. Хусусан аммапошшо ва Ҳидоятуллоҳоҷа месӯзанд, парту бирён мешаванд. Ҳидоятуллоҳоҷа пас аз чиҳил рӯзи вафоти духтари калонаш аз Вобканд бемор шуда омада, дар андак муддат вафот мекунад. Мегӯянд ки ба вафоти ӯ боз як воқеаи дигар сабаб шудааст. Дар рӯзи бозори Вобканд, ки қозию раис дар бозорҷой будаанд, якбора басмачиён зер мекунанд, халқро талаю тороҷ мекунанд. Ҳидоятуллоҳоҷа аз худаш нею аз бародари ман — Нуриддинҷон метарсад, ки мабодо ӯро зӯран гирифта баранд. Коре карда, бародарамро дар кадом ҳуҷраи масҷид руст мекунанд ва ларзида мешинанд. Вақто ки басмачиҳо мераванд, бародарамро бо касе ҳамроҳ карда ба Бухоро мефиристанд, лекин худашон ҳам пас аз як рӯз бемор шуда меоянд. Гӯё ки тарсида, дилашон кафида бошад.
Аммапошшо бо писарашон – Иноятхон, ки дар кадом идора кор мекард, ё кор намекард, умраш фақат бо айшу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё