Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

аст, фикр карда мегӯям, ки хайрият боҳаё ва шармгину беҷуръат будаам. Агар он вақт ба Муҳаббатхон мечаспидам, шубҳа надорам, ки вай ҳам ба ман мечаспид ва дар Самарқанд тӯямон мешуд. Нашуд хуб шуд! Сабабашро дар поёнтар мегӯям.

Ба Когон расида, ба билетхона даромада фаҳмем, ки поезди мо пагоҳ мешудааст. Пас чӣ бояд кард? Боз гашта ба Бухоро равем гӯям, аввало бевақт шуд (роҳ хавфнок буд), сониян ба хароҷот пуламон намерасид. Он вақтҳо дар Когон, дар қарибии вокзал, ду тарафи кӯча аз чойхонаҳо иборат буд. Дар қатори чойхонаҳо масҷиде буд, ки мулло имоми он ҳам имом буду ҳам корчаллони бало! Русиро хуб медонист, бо кассирҳои билетхона алоқа дошт. Ба равандагон бо нархи дучанд билет гирифта медод. Ман инро медонистам, намедонам ба восираи кадом рафиқам, бо ин марди балоранг каме ошноӣ пайдо карда будам. Бинобар он ба вай муроҷиат кардам. Вай, намедонам аз ман чанд сӯм гирифту гуфт:

– Имшаб дар чойхона, ман мегӯям, дар ҳуҷраи алоҳида боҳузур хоб кунед, пагоҳ саҳар, пеш аз омадани поезд худам шуморо бедор мекунам.

Ҳамин тавр, ману Муҳаббатхон дар ҳуҷраи алоҳидаи чойхона даромадем. Ҳуҷра бад набуд, қолин ва намадҳо густурда шуда, кӯрпаю кӯрпачаҳо дошт. Мо ҳарду нону чою гӯшти яхнӣ хӯрдем ва камтар аз ин сӯ он сӯ сӯҳбат карда, ба тараддуди хоб афтодем. Мани содда ба ҷои он ки дари ҳуҷраро аз дарун баста, ба ҳар дуямон як чойхоб партофта, арӯси ояндаамро дар оғӯш гирифта, хоб кунам, гуфтам, ки ба шумо дар пешгоҳтар чой мепартоям, худам дар поёнтар, дар қарибии дар мехобам, мабодо нохалафе наояд. Муҳаббатхон базӯр «майлаш» гуфт ва димоғаш сӯхтагӣ барин шуд. Ҳаминро ҳам дида мани содда ва

пешина
аз 339
навбатӣ