Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

аз ишқ пур буд. Мисли «Дон Кихот» ба худам «Дулсия» мекофтам ва ниҳоят дар симои Муҳаббатхон онро ёфта будам. Аз Самарқанд мактубҳои пурсӯзугудози ишқӣ менавиштам. Муҳаббатхон ҳам ба ман як-дубор мактуби ишқӣ навишт.

Инак, вақте ки дар таътили зимистона (моҳи феврал) ман ба Бухоро рафтани шудам, амакам Аминҷон фармуданд, ки дар бозгашт Муҳаббатхонро ҳамроҳам биёрам. Ин таклиф ба ман хеле маъқул шуд. Гӯё парвоз карда ба Бухоро расидам. Овозаи ба Бухоро омадани ман дарҳол ба ҳавлии аммапошшо расидааст. Вақте ки ман ба ҳавлии аммапошшо омадам ва бо ҳамаи аҳли байт (хоҳарам ва дигарон) боздид кардам, аз хоҳарам оҳиста пурсидам, ки Муҳаббатхон канӣ. Вай гуфт, ки омадани туро фаҳмида, қариб беҳуш шуда, дар хонаи калон хобидааст. Ба хонаи калон рафтам. Муҳаббатхон ба пешвозам бархост. Дастонаш меларзиданд, сард шуда буданд. Ман ҳолу аҳвол пурсида, мактуби падарашро супоридам ва гуфтам, ки пас аз як ҳафта ба Самарқанд меравем. Муҳаббатхон хурсанд шуд. Ман қариб як ҳафта дар Бухоро монда, бо хешутаборон боздид карда, баъд ба Самарқанд баргаштани шудам. Як фойтуни дуаспаро киро карда, ба назди дарвозаи ҳавлии аммапошшо овардам. Муҳаббатхон ба сараш фаранҷӣ, ба рӯяш чашмбанди дока гирифта баромад. Чизуҷораи андак дошт, ман онро бардошта ба фойтун нишастем. Бо ҳама хайрухӯш карда, ба сӯи стансияи Когон равон шудем. Рӯз бегоҳ мешуд, ҳаво тира буд. Фойтун аз шаҳр баромада ба роҳи Когон равон шуд. Дар ҳамаи ин муддат ман ақаллан дасти Муҳаббатхонро гирифта навозиш карда натавонистам. Шарму ҳаё гиребонгир буд. Дар бораи ишқам ва муҳаббатам ҳам калимае нагуфтам. Ин хуб буд, ё бад? Ҳоло ки аз он таърих солҳои бисёре гузашта

пешина
аз 339
навбатӣ