Зеҳн
Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа

ТаърихМаърифатАдабиёт
Аз аввал хондан

— Газетаи «Ҳаблулматин» аз Миср ба Бухоро пас аз як моҳ омада мерасид, ҳамаи хабарҳо кӯҳна мешуданд. Ҳоло, ки аз омадани шумо даҳ-дувоздаҳ рӯз гузаштааст, ҷӯраҳо «Ҳаблулматин» хондаги барин, аз хабарҳои кӯҳна огоҳ шуда истодаанд.

Бале, ҳамин тавр буд сӯҳбати аҳли фазл. Бо як сухан, бо як ишора маънои бисёреро ифода мекарданд. Масалан, агар ягон нодон ба назди аҳли фазл сухани беҷое гуфта монад, мегуфтанд, ки аз ин кас хафа нашавед «саҳрой гунаҳгор аст». Албатта одами оддӣ (авом) ин кинояро намефаҳмид. Маънои ин ҳамин ки, бачаҳо дар хурдӣ агар «нағзак» бароранд, тавсия медоданд, ки шири хар хӯранд. Дар Бухоро мардум камтар хар медоштанд. Хари модаро фақат дар саҳроҳо меёфтед, ки аз саҳромадагон баста мемонданд. Одами ширталаб ба соҳиби хари мода (яъне ба саҳрой) муроҷиат карда, камтар шир ҷӯшида диҳед гӯяд, аксар вақт соҳиби хар як коса ҷӯшида медод. Бача ки шири харро бисёр хӯрад, табиати харӣ (гӯё) ба вай мегузаштааст. Бинобар он ба ҷои «ин кас хар» гуфтан, «саҳрой гунаҳгор» мегуфтанд.

Он рӯз ҳам амаки Умархон дар хонаи Аминҷонмахсум, ҳамин тавр киноя карда, «Ҳаблулматин» хонда истодаем» гуфтанд. Хулласи калом, ки ман дар хонаи амаки Аминҷон омадаю рафта, хеле маъқул шуда будам ва шояд занушӯ маслаҳат карда, гапро пазонда буданд, ки маро домод кунанд. Ҳаминро ҳам қайд кунам, ки он вақтҳо дар байни ману Муҳаббатхон гӯё як навъ «ишқ» пайдо шуда буд. Барои чӣ «гӯё» ва «як навъ ишқ» гуфтам. Зеро ки (баъд донистам) он ишқи ҳақиқӣ набудааст. Ман аз хурдӣ ишқия будам. Азбаски афсонаҳои бисёре шунида, китобҳои бисёри ишқӣ хонда ва хусусан дар вақтҳои охир «Ӯткан кунлар»-и Абдулло Қодириро гаштаю баргашта хонда будам, дилам

пешина
аз 339
навбатӣ