Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
қафо омадани дузд мумкин аст, бинобар он тез роҳ гашта пеш мегузаштам!
Ҳамин хусусияти худбинии безарар, тарсуи ба кори худ пухтагии он кас буд, ки аз ҳамаи таъқибот ва гирогирии ҳукумати шӯроии онвақта худро халос карда буданд. Агар дар Бухоро меистоданд, албатта ҳабс мешуданд. Он кас дар сари вақт, дар солҳои 1925-26 ба Самарқанд ҳиҷрат карданд. Зани аввалии он кас Ойби Асолатхон (духтари амакам Қорӣ Масъуд, ки гӯё бо фармони қози Бурҳониддин табиби ҳинду доруи заҳрнок дода кушта буд) мебошад. Аммо Умархон дар солҳои 1924 Ойби Асолатхонро талоқ дода, чанд гоҳ безан гаштанд ва баъд ба воситаи инҳо як хеши падари Саодатро, ки Сайба буд, ба занӣ гирифтанд. Лақаби ин зан «ойими хушрӯй» (бинобар баднамоияш ин лақабро дода буданд) буд, номашро намедонам. Умархон аз ин зан се-чаҳор фарзанд диданд ва дар Самарқанд дар байни аҳолӣ обрӯю эътибор пайдо карда, дар солҳои пас аз ҷанг вафот карданд.
Инак, амаки Умархон ба хона даромада, маро дида хурсанд шуданд ва аз рӯи одат, баҳузур нишаста ба гаппурсӣ ва суолдиҳӣ сар карданд: Бухоро чӣ тавр? Нарху наво (ба тафсил) ҳаво? Мардум? Фалонча-фалончаҳо ҳастанд? Аҳволашон? Чӣ кор мекунанд ва ғайра ва ҳоказо... Дар айни сӯҳбати мо буд, ки (шояд овози моро шунида) аз хонаи дарун амаки Аминҷон омада баромаданд ва бо Умархон саломуалек карда гуфтанд:
— Сӯҳбати ширини шуморо шунида хестам. Набошад рӯзи ҷумъа (рӯзи истироҳат) дертар мехестем.
— Ҳа, — гуфтанд Умархон, — мо «Ҳаблулматин» хонда истодаем.
Амаки Аминҷон хандиданд ва ба ман, ки аз гуфтаи Умархон чизе нафаҳмида будам, эзоҳ доданд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё