Ончӣ аз сар гузашт

Ин китоби ёддоштҳои Нависандаи халқии Тоҷикистон Ҷалол Икромӣ буда, дар бораи даврони наврасӣ, муҳити аморати Бухоро, рӯйдодҳои таърихӣ ва ташаккули адабиёту фарҳанги тоҷик дар асри гузашта ҳикоят мекунад. Дар он саҳифаҳои муҳими зиндагии адиб ва раванди эҷодии ӯ дар шаҳри Душанбе ба тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 339 саҳифа
бечуръат ғайрат накардам, ки ӯро ба оғӯш гирам ва «хурсанд» кунам. Бале, ман содда ва бечуръат будам. Хайрият, ки ман содда ва бечуръат (нисбат ба занҳо) будаам. Агар ман бо Муҳаббатхон ҳамон шаб ҳамроҳ мехобидам ва занушӯ мегаштем, ҳолам хароб мешудааст! Зеро ки Муҳаббатхон дар ҳаёт зани — занон шуда натавонист. Дар умраш чандин шавҳар карда хушбахт нашуд, ки инро дар хотимаи ин порчаи саргузаштам нақл менамоям.
Аммо ҳамон шаб, ҳамон шабе, ки «ҷонона» дар хонаи танҳо ҳамаи шароити васл муҳайё ва мани бечуръат ва шармгин дар поёни ҳуҷра ба худ ҷойхоб партофта хобидам, ҳеҷ аз ёдам намеравад. Баъд, вақто ки синнам калонтар шуду боҷуръаттар гаштам ва бо занҳо муомила кардандро омӯхтам, худро сарзаниш мекардам, ки чаро фурсатро аз даст додам, чаро аз «ҷонона» таматтӯъ набардоштам, чаро лабони ширинро намакидам, чаро бадани нарму пистонҳои мисли лемӯ расидаро нафишурдам!.. Маълум ки бахти ман дар ҳамин бечуръатӣ ва соддагӣ, дар ҳамин боҳаёӣ ва шармгинӣ будааст.
Рӯз шуд. Ман ки дуруст нахобида будам, дар баробари дар беруни дар овози поро шунидан, ҷаҳида бархостам ва дарро кушодам, ки имоми масҷид билет гирифта овардааст. Ба вай ташаккур гуфта, ҳисобамро баробар кардам ва ба Муҳаббатхон гуфтам, ки ба вокзал меравем.
Поезд омаду ба вагони «плацкарт» баромада нишастем. То ба Каттақӯргон сӯҳбат карда, хӯрок хӯрда, хушу хурсанд рафтем. Ба истгоҳи Каттақӯргон фуромадам, ки аз бозораш хабар гирам, чизи мехаридагӣ набудааст. Аз киоск газета гирифтаму ба вагон баромадам. Дидам ки Муҳаббатхони «шармгин» ҳамаи шарму ҳаёро партофта бо ду йигити бӯзбала чак-чаку хандаю бозӣ карда нишастаанд. Ба ман, ҳатто аҳамияте надоданд ва ба сӯҳбату хандаю

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё