Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
аз ҷониби Пётр шуд. Аз ошхона баромадану Загорский пурсид: «Александр Николаевич, декабрист Чернов бобоятон мешаванд?»
Александр андак даступо хӯрд. Баъди ба Ивановский омаданаш ин саволро касе ба ӯ надода буд.
– Бале, Чернов Николай Димитривечи декабрист, бобоям,– Александр озмоишкорона ба чеҳраи мусоҳибаш зеҳн монд.
– Эҳ, офарин!– Загорский аз хурсанӣ чун кӯдак суп-сурх шуд.– Ман ҳамеша орзу доштам, ки ба яке аз наздикони декабристҳо вохӯрдаю пурсам, ки онҳо чӣ нақлҳо мекарданд, чӣ одат доштанд?
– Нақлҳо асосан ҳамонҳое, ки дар китобҳо дар бораашон навиштаанд.
– Худатон он касро дидаед? Ба шумо қисса мекарданд?
– Қисса мекарданд. Ҳангоме ки бобоям вафот карданд, ман ҳафтсола будам. Нақлҳояшон дар хотирам ҳаст.
– Онҳоро мегӯед?– Пётр аз мусоҳибаш чашм намеканд.
– Ба ту чӣ даркор он нақлҳо?
Пётр бештар сурх шуда гуфт:
– Мехоҳам дар бораашон роман нависам.
– Аҷиб. Аз рӯи шунидаам, дар бораи декабристҳо чанд нафар китоб навиштаанд.– Чернов табассум кард ва синҷакорона ба Пётр зеҳн монда афзуд: – Нияти хуб, вақт шавад, қисса мекунам.
Дар равшании ду лампаи чилуми борои миз пешонии васеъу арақкардаи Андреев намоён аст. Ӯ рост истода дар худуди панҷ дақиқа бо оҳанги гиро ба мазмуни зайл сухан гуфт:
– Дар Бухоро шӯриш сар задааст! Халқи солҳо ҷафокашида занҷири ғуломиро канда, бар зидди амиру атрофиёнаш байрақи озодиро барафрохт. Тибқи фармони рақами 3504 аз шаби 28-уми август ҷабҳаи Туркистон бо ҳама ҷузъу томҳояш ба ҷанг медарояд, то ки ба мардуми Бухоро баҳри ба даст овардани озодӣ ёрӣ расонад. Шумо бояд ба назар бигиред, ки мо якбора, дар як рӯзу як лаҳза ба шаҳрҳое, ки қувваҳои асосии амир он ҷо мустақаранд ва ҳамзамон ба шаҳри Бухоро зарба мезанем! То ки душман маҷоли сар бардоштану муқобилат кардан пайдо накунад. Рафиқ Фрунзе барои иҷрои ин супориш ба мо ду рӯз вақт додааст. Рафиқон, сардастаҳои ҷабҳаи Туркистон, имрӯз умеду нигоҳи ҳамаи халқи Русия ҷониби шумост! Шумо саҳроҳои Дон, даштҳои Уфаю Урал ва Хеваро тай карда, то остонаи Бухоро расидед. Умед аст, ки ин марзро ҳам мардона убур кардаю номи худро дар авроқи инқилоби бузурги таърих абадӣ сабт мекунед! Бигзор он ғазаб, он неруи бузурге, ки дар дили коргару деҳқон бар зидди амирому истисморгарон ҷамъ шуда буд, имрӯз аз дилҳо чун вулкан берун омада, ба шумо мададгор шавад! Бигзор ашки ятиному дардмандон, ки асрҳо боз ҷамъ шудааст, чун селоб ҳамраҳи шумо бошад! Аз Худованд илтиҷо мекунам, ки дар ин роҳи хайр дастгиратон бошад!
Андреев сурх шуд ба мӯйлаби сиёҳаш даст бурд. Яқин ба хотираш омад, ки болшевикон ба забон овардани номи Худоро хуш надоранд. Чернов ҳолати Андреевро пай бурда табассум кард. Андешид, ки ин марди майдонро кораш

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё