Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳам зебосту суханаш ҳам. Чунин роҳбар доштан хурсандат мекунад, бароиш худата ба обу оташ мезанӣ.

Лейтенанти пушти лабаш холдор, ки дар ҷамъомади гузашта дар толор харита меовехт, омада ба Андреев чизе гуфт. Фёдор Матвеевич ба ӯ эътибор надода, Черновро боздошта афзуд:

– Рафиқ майёр, гурӯҳи шумо хӯроки якрӯза ҳамроҳ мегирад. Рӯзи дуюм таъминоти ҳарбӣ аз пас мерасад. Минбаъд анбори силоҳ ва озуқа дар Қаршӣ ҷойгир мешавад ва аз ҳамон истифода мекунед. -Ӯ аз ҷояш хест, ки лейтенант бо овози баландтар пичиррос зад:

– Рафиқ подполковник, се бор аст, ки аз роҳи оҳан занг мезананд, мегӯянд соати бист гуфтаед, баъд хабар омад, ки соати як меоед, боз соати се...

– Кай меоем, кори роҳи оҳан не, - Андреев сухани лейтенантро бурид. - Кори онҳо интизор шудан! - Ва раҳораҳ афзуд: - Зинҳор, дар бораи бурдани овардани қисмҳои ҳарбӣ бо телефон ҳарфе нагӯед!

Чернов аз рӯи таҷриба фаҳмид, ки барои махфӣ доштани корҳо қасдан вақти ба сафар баромадани поездҳоро тағйир медиҳанд. Ҳатто бо телефон чизе гуфтан манъ будааст.

Саҳари 27-уми август бригадаи Чернов, инчунин батареяи кӯҳгард, ки ҳафтае пеш аз ҷабҳаи шарқӣ оварда буданд, пасу пеш аз бошишгоҳашон берун шуданд. Рӯраҳи инженерӣ ва ду отряди мусулмониро ду соат пештар равон карданд. Дами субҳ садои пойи аспҳо то дуродур танинандоз мешавад. Вале мардуми Самарқанд ба дарою барои аскари рус чандон эътибор намедиҳанд. Дар чойхонаҳо бафурҷа чой нӯшидаю хулосаҳои шарқиёнаи хешро хоҳанд гуфт: «Се сол пеш дар ин кӯҳаҳо жандарму саллотҳои подшоҳ бо салобату шаҳомати бештар дарою баро мекарданд. Даври яке гузашту даври дигаре расид. Инаш ҳам мегузарад.»

Пас аз он ки бригада аз шаҳр баромад, ҳаракатро тезонд. Роҳи беруни шаҳр пур аз чангу хок аст. Аз паси чанг дар рӯбарӯ заминҳои ҳосилашон ғундошта ва боғҳои ҷо-ҷо дарахтҳояш зардшуда, силсилаи кӯҳҳои тирафоми Зарафшон намудоранд. Чернов фикр кард, ки дар паси он кӯҳҳо чӣ кору воқеаҳо онҳоро интизор бошанд? Дар Фарғона ба мушкилӣ давлати Шӯроро барқарор карданд. Ҳол он ки Фарғона дар итоати Русия буд. Аморати Бухоро ҳам ҳарчанд бе гуфту фармони Русия ҳаққи ҳал кардани бисёр масъалаҳоро надошт (баъди шартномаи Зирабулок дар соли 1868) ба ҳар ҳол давлати алоҳида аст. Бахусус ду соли охир, ки подшоҳ Николаҳ барканор шуду Русия ба ҷанги дохилӣ гирифтор гашт. Аз рӯи овозаҳо, амир Олимхон ба ҷанг хеле тайёрӣ дидааст. Аз ин рӯ, ин ҷо кор боз мушкилтар хоҳад буд. Бухоро барои тамоми мардуми Осиёи Миёна шаҳри илм, шаҳри муқаддас ҳисоб меёбад. Ва ҳаводоронаш ҳатман ба ҳимояти он хоҳанд хест. Фрунзе, ки инро медонад, қувваи зиёд овардааст ва хуб кардааст. Кош ин гирудорҳои номаълум зудтар ба охир мерасиду ӯ ба фабрикааш бармегашт. Касби дӯстдошта ва зиндагии орому осудаашро давом медод. Пазмони кӯрпаи гарми хона бӯйи равғану овози мисли шув-шуви об дастгоҳҳояш шудааст. Ҳафтаи гузашта аз занаш хат гирифт. Навиштааст, ки писар мактабрав шудаасту аз падар дараке нест. Ва боз навиштааст, ки амакам

пешина
аз 613
навбатӣ