Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

(дар назар дорад падари Александр Николай Черновро) вақтҳои охир «зуд-зуд бемор мешаванд. Ақаллан як ҳафта меомадӣ».

Ба хотири Чернов омад, ки баҳори соли гузашта ӯ низ ба қатори ҳамкорон худро ба ҷанг номнавис карду пеш аз сафар ба Пишпек омад, ки бо пайвандон дидорбинӣ карда, фотиҳа гирад. Ҳамагӣ ду рӯз истод. Боре сари қабри бобояш рафтанд.

  • Бобоят чӣ қадар ба ту ҳавас дошт!.. - ётовар шуд падар.

  • Ба ман мудом конфет меовард, - гуфт Александр. Ва ба хотираш омад, ки рӯзҳои пирии бобояшро нағз дар хотир дорад. Дар пиронсолиаш ҳам заранг ва ҷустуҷолок буд. Овози баланд дошт. Таги дарахтони ҳавлӣ даст ба пушт
    қадам зада, рафиқони зиндониашро ёд карда, чунин суханҳо мегуфт: «Агарчӣ шумо умри азизатонро дар банду завлонаҳои пӯлодин дар Сибири сарду сангин гузарондед, вале он рӯзгору чафоҳояш афсонаи ширине шудаанд. Олимон аз он афсона мегӯянд, китоб менависанд. Шоирон шеъри беҳтаринашонро мегӯянд, овозхонон онҳоро месароянд. Он шеърҳо суруди дӯстдоштаи халқамон шудаанд. Ана чӣ сару садо дод он зиндагии азизони ман. Садои тундар дод! Борони найсон биреҳту Русияи ношустаро озода кард, он зиндагии азизони ман!»

Онҳо чанде қадам заданду падар ба оҳанги ғолибият афзуд: - Саша, писарам, бобоят дар байни авлоди мо мисли чароғ аст. Касе фаҳмад, ки фарзандони ӯ мебошем, ба мо ба чашми дигар менигарад. Аммо ин нангу номро ӯ ба чӣ ивазе ба даст овард? - Ӯ таваққуф карду ба суханаш идома дод: - Аслан декабристҳо ҳамаашон мисли чароғанд. Чароғҳои замини Рус! - Ӯ оҳи дароз кашид: - Аммо ин Русияи паҳновар ва сарду тира ҳеҷ не, ки роҳашро ёбад. Ин ошӯби яҳуду болшевик хезонда, якбора аз будааш ҳам монд. - Ӯ ист карда, ба рӯи писараш дида дӯхта боз: - Ба ин ошӯб худи бойҳо ҳам кушо буданд, - гуфту даст афшонд.

Александр ба падараш, ки миёнаш ҳам задаю дастонаш дар кисаи нимтанааш сархам мерафт, зеҳн монд ва барои тассаллои дилаш гуфт:

  • Шояд оянда хуб мешавад.

  • Вайрониму гуруснагию бебарусомонӣ ба ҳаддест, ки ба фардо эътимод нест.-Падар ба сухани ӯ эътибор надод.- Одамон бо як сухан ё амали ночизе мисли саг ба ҳам дармеафтанд. Дар замини Русия ҳеҷ гоҳ чунин воқеаҳо рух надода буданд, тимсолашро ин мардум надида буданд.

...Онҳо ба дари қабристон расиданду назари Александр аз дур ба қабри бобояш бархӯрд ва мисле ки ӯро дар рӯбарӯяш дида бошад, эҳсоси ифтихору фарахмандӣ дилашро лабрез кард. Теппаи болои қабр ба замин яксон шудаю он ҷо дар лавҳи чӯбине навишта шудааст: «Декабрист Чернов Димитрий Николаевич -1803-1889».

Ба хотираш омад, ки бобоят аз рӯзҳои дар зиндонҳои Сибир пушти сар кардааш нақл карданро нағз медид. Ва худаш ҳам ба чунин қиссаҳо гӯш доданро дӯст медошт.

Он рӯз онҳо дар ин бора дигар сухан накарданд. Падараш чӣ фикрҳо дар
сар дошт, Александр намедонист. Аммо худаш он амалу рӯзгореро, ки бобоят
аз сар гузарондааст, муқаддас мешумурд. Ва он рӯзҳо, ки оташи инқилоб аланга
мезаду хушку тар месӯхт, намедонист ба падар чӣ ҷавоб гӯяд. Ҳоло агар рӯбарӯ

пешина
аз 613
навбатӣ