Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
оянд, мегуфт, ки падар, бобоям орзуи зиндагии сазоворро дошт. Вале чӣ илоҷ, ки он роҳ аз байни майдонҳои ҷангу куштору лавҳаҳои хунолуд ва чашмони гирёни занону кӯдакон мегузаштааст...
Ин дам ду сарбоз аспҳоро лука дода, аз назди Чернов гузашта рафтанд. Яке куртаашро кашидаасту китфаш асари ҷароҳат дорад. Маълум, ки тир хӯрдааст.
Ба дилаш омад, ки магар ба қавми онҳо осон аст? Ҳоло зиндагии ними мардуми Русия аз рӯзгори декабристҳо ҳам бадтар аст. Ду роҳ дар пешорӯят қарор дорад: ё ҷониби сафедҳо ё ҷониби сурхҳо меравӣ. Роҳи севум вуҷуд надорад. Дар аввал чун аз сурхҳо ҷабру ҷафоҳои гӯшношунид зиёд буданд, Чернов майли ба тарафи сафедҳо гузаштан дошт, вале гирдоби пурасрори тақдир ӯро чунон ба сӯйи сурхҳо тела дод, ки худаш ҳам нафаҳмида монд. Ва хуб ҳам карда будааст. Сафедҳо нисф нӯги тир шуданд у нисфи дигар ғарибу беватан. Онҳое, ки аз Қошғару Чин бармегарданд, хабар меоранд, ки гурезаҳои ба он тараф рафта аз гуруснагию сардию саргардонӣ азоби сагро доранд. Худаш ҳам ба ҷанг пайвасту дар ду-се моҳи аввал аҳволу азобе дошт ноғуфтанӣ, сахтии ҳаёти аскарӣ, баҳси ин ки дороҳо душманд ё мардуми қобил, ё зиёӣ то корзданию тирпаронӣ оид мешуд. Ҳангоми ҷанг мурдаро медид, як рӯз чизе хӯрдан наметавонисту зери танзу таънаи ҳамяроқҳо мемонд. Пас зимистон шурӯъ шуду бодҳои сарди даштҳои Уфа ҷисму ҷонашро мисли кумзори дашт мерӯфтанд.
Мӯзаашро дар оташ месӯзонду гармиро ҳис намекард. Мудом дар сараш фикре чарх мезад, ки як оташи бузурге пайдо шаваду ақаллан як маротиба баданашро хуб гарм кунад. Ҳаррӯз дар атрофаш рафиқон тир хӯрда мурдаҳошон дар рӯи барф хоб мерафт. Шамол ба болоҳошон барф мехобонд, то ки ба назар камтар намоянд. Баъзан дар як ҳолати мадҳуш ба ҷанг рафтаю аз ҷанг бармегаштанд.
Ду маротиба тир хӯрду рафта-рафта дар дилаш на тарс монду на раҳм. Дар даштҳои Уфаю Урал пулемётҳоро рӯ ба рӯйи гвардиячиёни сафед монда то тир тамом шудан мепаронданд. Пас камонҳоро ба кор медароварданд. Сипас ҷанги танбатан... Рӯзҳое мешуд, ки ротаҳо ба ҷанг медаромаданду ним шуда, ё қисми камтар монда, мебаромаданд. Дар гузаштани дарёи Белий (наздикии Уфа) аз ротаи яксаду чил нафара сию як нафар боқӣ монд. Ва онҳоро ба ротаи Погорелов, ки онҳо низ нимашонро талаф дода буданд, ҳамроҳ карданд.
Бо чунин шикасту талафҳо армияи садҳазораи Колчакро, ки ба шасту шукӯх ҷониби Москва равон буд, бекурбу қудрат карданд. Албатта, бетирӣ ҳам ба шикасти онҳо сабаб шуд. Аммо сабаби асосӣ, барои ғалабаашон шуҷоати сардастаҳою комиссарҳо ва боварӣ ба кору амалашон буд. Онҳо дар ҳақиқат ба кори инқилоб содиқ буданд.
Дар даромади вокзали роҳи оҳани Уралский Чернов аз китф захмӣ шуду бисту се рӯз дар госпитал бистарӣ шуд. Пас ба штаб даъват карда гуфтанд, ки шуморо ба фронти Туркистон мефиристем.
Ҳанӯз чоштгоҳ нашуда тасфи ҳаво боло меравад. Ҳарчанд сардастаҳо сабаби сафарро то ҳол нагуфта бошанд ҳам, ҳамаи ҷузъу томҳо медонистанд, ки ба ҷанги зидди амири Бухоро мераванд. Дастаи хизмати ақибгоҳ ҳам медонад.
Чернов пай мебарад, ки сарбозҳо ин хабарро шунида, дар дил шодӣ доранд.
Охир бекории зиёд ҳам ба дил мезанад. «Бо белогвардейсу казаку туркман

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё