Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

«боғайратро ёфта, рота ташкил мекунӣ. Коммунистҳои Самарқанд ёрӣ медиҳанд, пас ротаро ба полк табдил медиҳӣ».

– Офарин ба Фёдор Матвеевич!-Фрунзе табассум кард.-Ин хуб аст. Аксари командирҳои номдор худашон сарбоз ҷамъ карда полк ташкил мекунанд. Ин мисли он аст, ки таҳкурсии иморатро худат мепартой.

– Бале, ман ҳам рота ҷамъ кардам ва дар Фарғона, ки бар зидди босмачиҳо ба ҷанг даромадем, инро дарк кардам,-гуфт Чернов ва фикр кард, ҳангоме ки Фрунзе дар маҳбасхонаҳо буд, мардуми Пишпек дар ҳаққаш бадгӯиҳо мекарданд. Ҳоло ҳама бо ифтихор номашро мегиранд. Фарзанди диёр гуфтаю хуб таъриф мекунанд. Офарин, дар кораш ки суботу пойдорӣ кард, марди номдор шуд.

– Ҳангоме ки ту ба Самара омадӣ, ман дар Москва будам,-гуфт Фрунзе.-Хуб, дар ин муддат боз чӣ мушоҳидаҳо дорӣ? -Ӯ синчакорона ба Александр зеҳн монд.

– Мушоҳида ҳамин, ки душмани асосии мо эшону муллоҳоянд. Ташвиқи зидди моро дар байни мардум ҳамонҳо мебаранд. Баъзан эшонҳо то сесад нафар, ҳатто зиёд, шогирд ё, ба гуфти худашон, мурид доранд. Як бригадаи ҷангӣ барин.

– Мушоҳидаат илмӣ, -хандид Фрунзе.-Хонадони эшонҳо мисли гармхонаи кирмакпарварист. Кори инқилоб ҳамин, ки ин гармхонаҳоро барҳам занад. Тарзи зиндагии якрангу бенуру бефурӯғу пӯсидаи Шарқро дигар кунад.

Фрунзе сӯяшон омадани Андреевро дида, саросема афзуд:- Гӯш дор, Саша, ротаҳои 15-ум ва 16-умро аз Уралск аз армияи 4-ум овардем. Ту медонӣ, ки онҳо чӣ гуна сарбоз ҳастанд. Таҷрибаи ҷангии баъзеҳо аз даҳ сол ҳам зиёд аст. Ротаи 15-умро ба бригадаи ту медиҳему 16-умро ба полки якуми савораи Климов. Шояд ҳангоми ба Бухоро ворид шудан лозим шавад.

Баъди як ҳафта, соати яки шаб, сардастаҳоро боз ба маҷлиси ситод даъват карданд. Ин дафъа мутасаддии баргузории ҷамъомад худи сардори ситод подполковник Андреев Фёдор Матвеевич буд.

Чернов, ки полкаш аз штаб дур набуд, вориди саҳн шуду дар зери равшании хираи фонусҳои дар симчӯбҳо насбкарда, ташвишу тараддуди коргарони ситод, сарбозони бо анҷомҳои сафарӣ қатористодаро дида, дилашро ҳам изтироб ва ҳам як хурсандии номаълум фаро гирифт. Ду рӯз пеш, ҳангоме ки ротаи 15-умро қабул мекард, пай бурд, ки бозӣ дар арафаи шурӯъ аст. Аммо ба ин тезӣ баргузор шуданашро чашмдор набуд. Ӯ сардастаҳои гурӯҳашро ҳамроҳ гирифта омад. Аз сардорони взводҳо фақат Пётр Загорскийро даъват кард. Онҳо ҳанӯз аз ҷангҳои Уфа ба ҳам шинос буданд. Нақл кард, ки ватанаш деҳаи Каменнойи назди Петроград аст. Дар донишгоҳ дар шӯъбаи таърих мехондааст, ки ин бесарусомониҳо шурӯъ шудаанд. Вай ҳам каме ин тараф - он тараф калавида, пас ҷониби сурхҳо гирифтааст. Взводашро ду ҳафта пеш аз ҷабҳаи шарқӣ ба бригадаи ӯ гузаронданд. Ду рӯз пеш боз бештар ба ҳам наздик шуданд. Ташаббус

пешина
аз 613
навбатӣ