Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
усулҳои ваҳмангез бояд истифода бурд! Сарварии ин гурӯҳ ба дӯши рафиқ Климов Иван Димитриевич гузошта шавад.
- Бригадаи 11-уми савора, ротаи 15-уми аз Уралск омада, батареяи савораи кӯҳгард, ротаи инженерӣ, қисмҳои мусулмонии аз Фарғона омада ҳамчун полки 7-уми тирандозӣ, дастаҳои сарҳадии дар ағбаи Китоб будаи амир қисмҳое, ки дар шаҳрҳои Китоб, Шаҳрисабз ва Қаршӣ ҷойгиранд, зада, роҳро зери назорат гиранд ва ба сӯйи Бухоро ҳаракат кунанд! Сарварии ин гурӯҳ ба дӯши рафиқ Чернов Александр Николаевич вогузор шавад.
Қувваҳои эҳтиётӣ, полки 6-уми тирандоз ва полки 3-юми алоҳидаи савора, батареяи 3-юм дар мавзеъҳои муайян супориши маро интизор мешаванд. Оид ба дастгир кардани амир ва аъзои ҳукуматаш супориши махсус мешавад. Вақти амалиёт ки фаро расид, рӯзу соаташро ба шумо хабар медиҳем.
Дар толор пашша пар намезанад. Оҳанги гуфтор ва қувваи номбаркарда ҳамаро моту мабҳут карда буд.
Фрунзе рӯймолча бароварда арақи рӯяшро пок кард назди миз омада, андозагирона ба толор нигариста, бо оҳанги таъкид афзуд:-Рафиқон сардастаҳо, ба гӯш ҳалқа карда гиред: барои ман аз ҳама муҳим ҷасурӣ, ҷасурӣ ва боз ҳам ҷасурӣ! Ҷанг раҳму дилсӯзӣ надорад.
-
Қувваи мо ҳам кам набудааст.- аз ақиб овоз дод Климов.- Босмачиҳои амир як рӯз ҳам ба мо тоб оварда наметавонанд.
-
Ҳоло боз қувваҳо ҳастанд,-Фрунзе маънидорона табассум кард ва пурсид:
-
Климов, чанд вақт шуд, ки дар Чорҷӯй ҳастед?
-
Се моҳ шуд, рафиқ сардори ҷабҳа.
-
Омӯхтед забону урфу одати мардумро?
-
Забонро не, лекин ба урфу одат шинос шудам. Дар Бухоро будам. Он ҷо хонҳо зиёд, муллою маҳдуму эшону ҳоҷиҳо бисёр. Ва аҷиб, ки аксар ҷадидҳоро бад мебинанд. Тарафдорони давлати шӯравиро «ҷадид» меноманд.
-
Дар масъалаи ҷадидҳо...— Фрунзе тавакқуф кард ва бо оҳанги дигар афзуд: — На ба ҳамаи онҳо эътимод кунед. Беҳтараш ҳамон кореро кунед, ки ба фоидаи инқилоб аст.
Ӯ ба ишораи «сухане доред?» ҷониби Андреев нигарист.
- Як чизро хотиррасон мекунам, — гуфт Андреев ва аз ҷояш хест. — Ин мардум ҳама гуноҳро мебахшад, аммо ба зан ё духтараш нигаред, ҳаргиз намебахшад. Мисли мор аз пасатон гашта, оқибат заҳрашро мерезад. Ҳеҷ гоҳ ба хонаи барои занҳо ҷудокарда надароед. Ин сухани маро ҳамчун фармони ҷабҳа ба гӯш гиред.
Ҳама берун баромаданду дар саҳн, назди ниҳолаки беди паҳлуи бино, байни Фрунзе ва Чернов чунин гуфтугӯ баргузор шуд:
-
Хуб, гап зан, рафиқ майор, ту кай боз дар ин тарафҳо? — Фрунзе бо нимтабассум ба Чернов зеҳн монд.
-
Нӯҳ моҳ шуд, рафиқ сардори ҷабҳа, — гуфт Чернов. — Порсол дар даромади Уралск захмӣ шуда, дар беморхона қариб як моҳ хоб рафтам. Аз он ҷо ба штаби Туркистон, ба Самара роҳӣ карданд. Як ҳафта мунтазири шумо шудаму пас сардори штаб Андреев маро ба Самарқанд фиристод. Гуфт, ки он ҷо гарнизони мост. Ман бароият як взвод сарбоз равон мекунам; боқӣ худат ҷавонҳои

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё