Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

мост, ки ба халқи мазлуми Бухоро ёрӣ расонем. Чунон ки дар Русия ҳама бойу буржую айёшро аз беху бун барканда, давлати озоди коргару деҳқон сохтем, дар ин Туркистони ақибмонда низ бояд чунин кори савобро анҷом бидиҳем! Имрӯз ба ҳама маълум аст, ки Бухоро такягоҳи онҳое шудааст, ки душмани ашаддии Давлати Шӯравӣ мебошанд. Собиқ бойу буржуйҳои Туркистон, як қисм гвардиячиёни сафеди аз Русия ронда, баъзе генералҳои замони Николай, ки аз мансабу манзалат афтадаанд, ба умеди қасос ситонидан дар атрофи амири Бухоро ҷамъ омадаанд. Маслиҳатчиҳо аз Германия, аз Туркия меоянд. Фақат дар худи Бухоро армияи савораи амир ҳашт ҳазор, армияи тирандоз ҳафт ҳазор, 32 тӯп ва 12 пулемёт ҳаст. Пулемётчиҳо бештар русҳо мебошанд. Аз рӯйи хабари разведка дар корвоне, ки ба наздикӣ аз Ҳиндустон омадааст, панҷоҳ уштур туфанги англисӣ будааст. Ин «бор»-ро давлати Англия ба пули қарз равон кардааст. Амир бо давлати Эрону Афғонистон дар бораи дар вазъияти ҷанг бо ҳамдигар ёрӣ додан шартнома бастааст.

Фрунзе назди харита рафту Чернов аз ақиб ба танаи гӯштгирифтаи Фрунзе зеҳн монда, фикр кард, ки Михаил даруну беруни давлати амирро хуб омӯхтааст. Ҳатто чанд пулемёту пулемётчӣ дорад, медонад. Устодаш, ки Андреев шуд…

Фрунзе ба харита ишора карда афзуд:

– Қувваи асосии амир дар Бухоро, Чорҷӯй, Қаршӣ ва Шаҳрисабз ҷойгир аст, ки бояд ҳар яки шумо инро дар хотир дошта бошед. Ӯ лаҳзае хомӯш шуду аз Андреев пурсид:

– Фёдор Матвеевич, ҳама масъалаҳоро гуфтем?

– Деворро ҳам хотиррасон кунед, – афзуд ӯ.

Фрунзе бо тасдиқ сар ҷунбонд ва илова кард: - Бояд шумо донед, ки қувваи дигари амир, балки қувваи асосиаш девори Бухорост, ки онро на тӯп зада метавонад, на пулемёт. - Албатта мо рафти амалиётҳо дида он тарафи корро боз маслиҳат мекунем.- Ӯ коғази дарозкардаи Андреевро гирифту бо оҳанги мутантан суханашро идома дод:- Бо назардошти ин гуфтаҳо фармон медиҳам!

– Бригадаи 3-юми тирандози фронти Туркистон, полкҳои 5-ум ва 8-ум, ду отряди мусулмонии воқеъ дар Чорҷӯй, батереяҳои 2-юм ва 3-юм, полки савораи 16-ум, ҳамчунин отрядҳои дар қалъаҳои Каркӣ ва Термез қарордошта дар вақти таъйиншуда шаҳрҳои Чорҷӯй ва Қарокӯлро ишғол намуда, тамоми роҳҳоро то стансияи Яккатут зери назорати қатъӣ қарор диҳед! Ҷамъи роҳгузарҳоро таҳқиқ кунед! Гумонбарҳо дастгир шаванд! Сарварии ин гурӯҳ ба рафиқ Новиков Георгий Василевич вогузор шавад!

– Полкҳои 10-ум ва 12-уми тирандози фронти Туркистон, полки 1-уми савора, ротаи 16-уми аз Уралск омада, полки 1-уми алоҳидаи мусулмонӣ, полки алоҳидаи таъйиноти махсуси тирандозӣ, полки 4-уми савора, поезди зиреҳпӯши рақами 28, се мошин - батереяҳо, аэростат ва дигар қисмҳои дар Когон ва атрофбуда бояд баробари шунидани хабари табаддулот дар Чорҷӯии Кӯҳна қисмҳоро ба сӯйи Бухоро равона кунанд ва бо зарбаи қатъӣ тамоми қувваҳои ҳукумати амирро маҳв созанд! Нагузоред, ки душман заррае барои муқобилият имкон пайдо кунад! Барои аз ҷиҳати маънавӣ маҳв кардани душман аз тамоми

пешина
аз 613
навбатӣ