Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа
онҳоро тарсонд. Дигар касе ба кушун монеъ нашуд. Баъди нимрӯзӣ онҳо ағбаро гузашта, ба шаҳри Китоб наздик шуданд. Дар тарафи рост, ҷониби офтобрӯ кӯҳҳои сафедхок қарор доранд. Поён алафи роваю юган то таксой зард шуда хоб рафтааст. Дар кӯҳҳои тарафи чап ҷангали анбӯҳ то қарибии шаҳр доман паҳн кардааст. Он ҷо ҳам рамае намоён. Чӯпонҳо низ ким-чи доду фарёд доранд. Рамасро чӯпонҳо пеш карда ҷониби поён мебаранд. Байни ҷангал ҳар ҷо дарахтҳои болорию сутунӣ бурида пӯстҳояшон гирифтаю сафедранг хобанд.
Яқин чӯбҳоро барои болор буридаанд. Чернов бӯйи хуши ҷангалро ҳис карда, дарунтар даромад. Фурсате гузашта дастаи пешгард хабар овард, ки савораҳои бисёре ба шитоб тарафашон меоянд. Чернов бо як гурӯҳи кормандони ситод аспҳоро пеш ронда диданд, ки худуди чорсад нафар аскари савора дар пайраҳаи домани кӯҳ паҳн шуда пеш меоянд. Ҳама яктаху миёнбанд доранд, саллаҳо паси сар давонда, фашҳо чун байрақчаҳо алвонҷ мехӯранд. Аз пас гурӯҳ-гурӯҳ пиёдаҳо дар даст камонҳои худсохта, ки «берданак» мегуфтанд, баъзе шоха доранд, бо чаҳду шитоб ҳаракат мекунанд. Ҳамзамон аз паҳлӯ як гурӯҳи шаст-ҳафтод нафараи ҷавонон шохаҳои чӯбин ва калтаку асоҳои дароз дар даст, мисле ки пойгаҳ мондаанд, саросема ҷониби онҳо мебароянд.
«Инҳо ҷангро чӣ гумон мекунанд? — худ ба худ истеҳзо кард Чернов. — Дарк намекунанд, ки ҷангҳои замони Чингизу Темур гузашт».
Ҳамвориеро убур карданду дар поён шаҳри Китоб намоён шуд. Шаҳр дар домани кӯҳ қад афрохтааст. Атрофи шаҳро девора мисли миёнбанди фарсуда печондааст. Аз мӯриҳои хонаҳои гилин ва ба ҳам чафс ҷо-ҷо дуди сафедранг ғулба зада баромада, паҳн мешавад. Аксари хонаҳо дар барашон шохбаст доранд, баъзеҳо мол доранд, баъзеҳо не. Аммо овози маркабҳо аз ҳар гӯша баланд мешавад. Ба назар чунин менамояд, ки шаҳр мисли каси интизор ва хавотир ҷониби онҳо менигарад.
Чернов ба роҳ ва атроф зеҳн монда, тарҳи ҳуҷумро кашид: батарея ва бригадаи 3-юмро аз рӯбарӯ монда, боқиро фармуд, ки аз ду тараф ба шаҳр наздик шуда, баробар ба ҳуҷум гузаранд. Таъкид кард, ки бе зарурат ба ҷавонҳои аз паҳлӯ баромада тир наандозанд.-Онҳо парондани пулемиётро бинанд, дигар дилу гурдаи пеш омадан намекунанд. Навкарҳои бек боз каме пеш омада, ҳарчанд ҳанӯз тиррас набуданд ҳам, ба тирпаронӣ шурӯъ карданд, ҳамзамон тӯпҳояшон низ ба кор даромад.
Черновро изтироб фаро гирифт. Гумон надошт, ки дар Китоб ҳам тӯп ҳаст.
Акнун пешравии бригадаи 3-юм мушкил мешавад. Аммо онҳо нишонро баланд гирифтанд, тири тӯпҳо аз болои сарашон гузашта ба кӯҳ мезанаду гулӯлаҳои чӯянӣ ғелида поин мефароянд. Баъзе зада-зада ба ҷариҳо меравад, баъзеро сарбозҳо дошта мегиранд. Ягонто ҳам наметаркад. Старшинай миёнсинни корманди штаб Фадеев Сергей ин ҳолатро чунин шарҳ дод: «Ин тӯпҳо аз давраи Николай, ҳатто аз вай ҳам пештар, аз давраи ҷанги Қафқоз боқӣ мондаанд.
Генералҳое, ки ба корҳои давлатӣ ин ҷо неомаданд, як-як «меҳрубонӣ» карда, моли дар он замон машҳур - камон ё тӯп дастовез меоварданд ва ҳам ба тилло мефурӯхтанд. Шояд қасдан тирҳое меоварданд, ки наметарканд. Ё шояд тирҳо кӯҳна шудаанд?» Ҷанговарон аз натаркидани гулӯлаҳо рӯҳбаланд шуда,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё