Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

то ки душман дасту по гум кардаю маҷоли муқобилат кардан пайдо накунад. Армияи мо қариб чил ҳазор аскар дорад. Пулемёти зиёд ҳам овардаанд. Силоҳи асосии инзамона пулемёт аст. Вақте то имрӯз аниқ намедонанд, ки бо амири Бухоро ҷанг мекунанд. Кай ҷанг мекунанд? Ҳатто ба телефон гап заданро манъ кардаанд. Санъати ҷанг чунин будааст. Қудрату қувваи душманро меомӯзӣ, қувваатро ба низом меорӣ ва нохост ҳуҷум мекунӣ. Хирсро нохост занӣ, худро гум мекунад, чӣ ҷойи одам. Фрунзе кори ҷангу ҷидолро ёд гирифтааст. Мактаби ҷангии Русияро хуб омӯхтааст.

Порае аз заб мегузараду аз ҷониби ағба шамол шиддат мегирад. Овози «хушт-хушт ва ҳой-ҳой»-и чӯпонҳои кӯҳи рӯбарӯ як-як шунида мешавад. Чернов дар шаби кӯтоҳ аз хунукӣ се-чор маротиба хестаю аз нав дароз кашид. Мегӯӣ, аз замин хунукӣ мебарояд. Баробари дар осмон пайдо шудани раҳҳои кабудранги субҳ кӯшун гурӯҳ-гурӯҳ ба роҳ баромад. «Яқин аз сардии шамол маҷбур шуда хестаанд, — андешид Чернов. — Ҳеҷ гап не, роҳ гарм мекунад.» Ва худаш низ омада шуд. Як сойи серкурумеро гузаштанд, ки атроф равшан шуд. Ротаи инҷинерӣ аллакай ними ағбаро фатҳ кардааст. Аз пас батареяи кӯҳгард меравад. Чоштгоҳ ҳаво гарм шуд. Сарбозҳо шинелҳоро кашида, таги курта шуданд. Кӯҳу дара алафаш зард шуда буд. Ҷангали сокит ба як паҳлӯ такя карда, зери осмони кабуд дилангез менамояд.

Дере нагузашта дастаи пешгард хабар овард, ки аз кӯҳи рӯбарӯ одамони зиёд сӯйи онҳо тир мепаронанд.

Чернов ҳамроҳи Семёнов ва сардори батареяи кӯҳгард лейтенант Гриша Дудкин ҳам шудаю пеш рафта, одамони дар бағали кӯҳ пинҳоншударо дид. Он ҷо дарахти калон нест. Бештар буттаю хору соплик аст. Одамони дар паси буттаҳо нишаста бараҷҷо намудоранд. Ҳар нафаре, ки тир мепаронад, аз росташ дуди сиёҳ мехезад ва зуд нопадид мешавад. Тирҳое, ки ба сангҳо мерасиданд, т-тю т-тю садо мебароранд. Лекин дур немераванд, зарар намерасонанд. Аз онҳо тахмин панҷоҳ метр баландтар ҷангал шурӯъ мешавад. Аз дохили ҷангал ҳам гурӯҳе тирпаронӣ мекард.

«Яқин сарҳадбонҳои амиранд. Ҷойи хуб интихоб кардаанд». Чернов ба Дудкин фармуд, ки бо тӯп ба ҷойи шинакгирифтаашон занад. Тӯпчиҳо Захаров Максим, Романенко Димитрий дарҳол ду хари пушкаборкардаро наздик оварда, борашонро фуроварданд. Аввал дастаи пеш тирпаронӣ кард. Пас тӯпҳо ба кор даромаданд. Дар кӯҳи рӯбарӯ ҷанг хест. Кӯҳҳо баробари тӯпҳо садо медиҳанд. Сангҳо канда шуда меғалтанд. Мурғони атроф қиву-чивкунон башаст ҷониби водӣ парида рафтанд. Як марди куртасафед, сараш тоза тарошида ғелида аз шахи на чандон баланде таҳ зад. Боқӣ мисли галаи гӯсфанде, ки гург задааст, ғалтидаю хеста мегурехтанд. Баъзе ба таҳлуқа овоз медиҳад: «Ҳасан, гурез! Гурез!» «Ҳаким, ин тараф!» Дар наздикии ҷангал боз нафаре афтиду пас ҳам шуда шикамашро дошта худро пушти хоре гирифт. Онҳо боз ду-се дақиқа тирпаронӣ карданду андак пас дар бағали кӯҳ касе намонд. Сарҳадбонҳо ду нафарро талаф дода дигар ёди сарҳад накарданд.

– Дудкин, ҳамаро талҳакаф кардӣ, – Чернов аз сарҳадбонҳои даргурез чашм намеканд. Онҳо чунон мегурезанд, ки оҳу дарёб намекунад. Яқин овози тӯп

пешина
аз 613
навбатӣ