Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

– Такводорон аспро ҳам макрӯҳ гуфта намехӯранд, ҳатто тухмро намехӯранд. Чернов аз болои гӯшт чойи сӯзонро тез-тез нӯшид. -Чойи батаъм шудааст,- гуфт.

– Обро аз чашмаи Амонқутан гирифтам,- гуфт Муҳаммадшариф ва ба тариқи маслиҳат пурсид: -«Обро дида мӯза каш» гуфтагӣ барин, пагоҳ корро аз чӣ шурӯъ мекунем?

Чернов нақшаи муҳорибаро боз кард.

– Пагоҳ корро аз он шурӯъ мекунем, ки саҳарӣ аз ағба гузашта қӯшунҳо дар Китобу Шаҳрисабз будаи амирро маҳв карда, ҷониби Бухоро меравем. Роҳҳоро зери назорат мегирем.

– Тасарруфи ин шаҳрҳо чандон мушкилӣ надорад,- Муҳаммадшариф китф ҷунбонд.

– Чӣ хел мушкилӣ надорад?- Чернов чойҷӯшро гирифта ба пиёла чой рехт.

– Ба ҳамон далел, ки ба амирони манғит бовари халқ намондааст. – Муҳаммадшариф ҷомаашро таги китфаш монд:- Ба масхараҷангҳое, ки солҳо пеш бо русҳо кардаанд ва дигар зулме, ки ба мардум раво мебинанд.

– Зулм карда бошанд, мо ба Бухоро дароем, мардум ба тарафдории мо мехезанд?

– Александр-ака, ман аз куҷо медонам? Бухорой набушамам. Наздики Бухоро ки рафтем, аз рафиқони ҷавонбухорӣ мепурсем.

Чернов ба тасдиқ сар ҷунбонда илова кард: -Мабодо пагоҳӣ чой накунӣ.

– Як пиёлагӣ мегирем. Чойи саҳар...

– Гуфтам, ки лозим нест!- Чернов сухани Муҳаммадшарифро бурид.- Мо аллакай дар ҳолати ҷанг, дар майдони ҷанг қарор дорем, на дар чойхона.

– Фаҳмо, Александр-ака. Ман шуморо не, худамро дар назар дорам.- Муҳаммадшариф ҳалтачаи гӯштдоштаро печонду бо овози паст ғур-ғур кард:- Шуморо раги кофириатон ки хест, тамом...

Чернов ба ғур-ғури Муҳаммадшариф эътибор надод. Шинелро пӯшида, дар болои хӯрчини аз мӯйи буз духта дароз кашид. Осмони кӯҳистон, ки ситораҳои ҷилвагарӣ дошт, ҳавасашро овард. Фикр кард, ки дар ин шаби тор шукӯҳи коинотро аёнтар мебинад. Он ҷо он қадар ахтарону қаҳқашонҷ тагу боло давидаю пуркоранд, ки дар тасаввурат намеғунҷад. Ҷодаи корвонрав (Роҳи қаҳқашон), ки аз байни осмон убур кардааст, ба назар мисли пуле менамояд, ки аз тори кӯҳи Самарқанд ба кӯҳи Бухоро партофта шудааст. Дар он ба ғайр аз ситораҳои хурду бузург, ки баъзе ду – се шуда оҳиста мераванд, баъзе тез, баъзе як гурӯҳ шуда шитоб доранд, инчунин рангҳои сафеду зарду сурх, доғҳои сафеду сурхранг ва лакқаҳо намудоранд. Баъзе шакли тухм, баъзе ранги мори бузург, баъзе ба уштур монанд аст. Ва ҳама чун шаҳри кӯчбаста корвони бузургеро ташкил карда, равонанд. Аз рӯзе, ки телескопро кашф кардаанд, бозёфт ва хабару овозаҳои аҷоибу ғароиб аз ин вусъатободи пурглу пурнуру шигифтангез бештару бештар мерасанд. Инсони беқарор на фақат дар замин, балки дар осмон ҳам инқилоб кардаю пешравӣ дорад.

Чернов андешид, ки пагоҳ аз се тараф ба аморати Бухоро ҳуҷум мекунанд. Фрунзе дар суханрониаш гуфт, ки аз тамоми қувваҳои ҷангӣ истифода баред.

пешина
аз 613
навбатӣ