Зеҳн
Оташ дар хонаи қадим

Китоби мазкур асари бадеӣ буда, романи нависанда Мирзонасриддинро дар бар мегирад. Дар он рӯйдодҳои муҳими зиндагӣ ва таассуроти таърихӣ ба риштаи тасвир кашида шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 613 саҳифа

ҚиссаАдабиёт
Аз аввал хондан

Дарҳол пулемётҳоро насб карда, ба парондан шурӯъ карданд. Навкаро дигар пеш намеоянд. Боз каме парон-парон карданд ва аввал ҷавонони аз теппа боло шуда, чунон ки ба шитоб меомаданд, ҳамчунон саросема қисме уреб, гурӯҳе парто-парто сарзер шуданд. Пас савораҳо сари аспҳоро гардонда, рӯ ба гурез ниҳоданд. Баъзеҳоро саллаҳошон кушода шуда дар ақиб кашол аст. Ними бригада аз гурехтани душман ба ваҷд омада, бо садои «урра-а!» аз пас тохта фаромад. Ҳангоме ки ба дарвозаи шаҳр расиданд, он ҷо якчанд тӯпу пушкаҳои митҳояшон ҳамвори пилтанасбкардаро диданд.

– Пушкаҳои сохти нав ҳам доштаанду истифода карда натавонистаанд, – Семёнов ба ҳавас пушкаҳоро аз назар гузаронд.

Ин дам серҷанти рораи 2-юм Манучеҳр Мирзоев ҳамроҳи Амони Калта аспҳоро тозонда, аз дарвозаи шаҳр берун омада, ба Чернов хабар расонданд.

– Дар шаҳр одам нест. Ҳама гурехтаанд. Бек ҳам гурехтааст. Қасру дороиш чӣ ба ҷо истодааст.

Як қисми бригада дар берун монд, боқӣ ҳама ба шаҳри беодам даромаданд. Сарбозҳо дар саҳни қасри бек истода медиданд, ки мардум саросема чизҳои заруриашон, аз қабили хӯроку либосро (об намегиранд, дар кӯҳ чашма бисёр) ба аспу улоғҳо бор карда, баъзан пуштора гирифта, ба кӯҳ мебароянд. Як қисми колояшон дар тавилаҳо мондааст. Баъзе чобукӣ карда гову молашро пешандоз кардааст. Дар пайраҳаҳо чанг хеста чун туман истодааст. Ҷавонони бағайраттар аллакай ба ҷангали бағали кӯҳ расиданд. Овози ҳою хӯй, гиряву дашномашон равшан шунида мешавад. Занҳо баъзе борашон дар пушт, баъзе кӯдак дар бағал, баъзе сарпуч сари асо истода тез-тез нафас мегирад. Бачаҳои калонтар аз пасу пеш ғалтидаю хеста ба кӯҳҳо мебароянд. Кӯдакон гиря мекунанд, модарон онҳоро тела медиҳанд. Чанд нафар сарбози таҳҷӯй бо овози баланд огоҳ мекунанд: «Ҳой мардум, нагурезед! Мо ба шумо бадӣ намехоҳем! Ба хонаҳотон баргардед! Мо омадем, ки ёрӣ диҳем!» Вале касе аз роҳ наистод. Семёнов ба сарбозонаш ишора кард, ки одамони то даҳани ҷангал рафтаро баргардонанд. Чернов ба ишораи лозим нест сар ҷунбонд.

– Онҳоро дохта ҳам наметавонед. Борашонро мепартоянду оҳу барин мегурезанд, – гуфт Муҳаммадшариф. Ӯ нигоҳашро аз кӯдакҳое, ки дар бағали кӯҳ шеван доранд, намеканад. Марди сарлуче аз паси тавилаи дар домани кӯҳ буда, ки он ҷо дам мегирифт, хеста баландтар баромад. Ва дар паси буттае пинҳон шуд. Муҳаммадшариф аспашро пошна зада кӯчаҳои танги байни хонаҳоро гузашта, назди сарлуч баромад ва пирамарди қоқандоми қадбаландеро дид, ки бо гунаҳои сурх ва риши сафед, ғарқи обу арақ пушт ба кӯҳ такя карда, сахт-сахт нафас мегирад. Банди дили бараҳнаи сермӯяш меларзад. Муҳаммадшарифро ба ҳоли мӯйсафед раҳм омад. Аз асп фуромада дасти вазнини пусту устухонмандашро ба даст гирифт: аз ӯ бӯи бад меояд.

– Амак, бо ин ҳол ба куҷо меравед? – гуфт бо оҳанги маломат табассум карда. – Ин одамон ба шумо кордор нестанд. Беку бойҳо мегиранд.

Пирмард чашмони обравашро ба Муҳаммадшариф дӯхта, гуфт:
– Мо ҳамааро медонем. – Ва пурсид: – Шумо мусулмонед?

пешина
аз 613
навбатӣ