Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Зеро чандин бор худ дида будам, ки аз ин ҷангҳои маҳшарӣ бачагон сару рӯи худро хуншор ва либосҳошонро лахтаю пора намуда мебаромаданд. Тарси ман зиёдтар аз он буд, ки ногоҳ ба ин ҷанг афтода монам, либосҳоямро надарронанд. Зеро ёфтани пӯшок барои мо, бечорагон, чандон осон набуд. Бинобар ин, ҳамин ки ба ҳам дарафтадани бачагонро медидам, зуд худро ба канор мегирифтам. Лекин аҷиб, ки аз тамошои занозании дигарон ҳарчанд ба яке раҳмам омада, аз дигар нафрат менамудам, худдорӣ карда наметавонистам. То ба миён даромадани калонсолон ва басанда шудани моҷаро намерафтам.
Ин дафъа ҳам ман чунин ният доштам.
Ману Фозил ба кӯча баромадему ба ҳам сохтем ва ба сӯи бозори Панҷшанбе тохтем. Дар роҳ Фозил гуфт, ки имшаб ҷанги лагади калони раззоқию қалъаинавиҳо мешавад. Ба ҷанги лагад аз русҳо дар тарафи раззоқиён Васькаю дар ҷониби қалъаинавиён Петя мешавад. Ман ҳар дуи онҳоро мешинохтам. Онҳо забони тоҷикиро медонистанд ва бо бачагонии шаҳр ошноӣ ва рафтуӣ доштанд. Вася аз тарафи чоршанбеи шаҳр буда, падараш дар деҳаи Деҳмой наздикии Хуҷанд ба заминҳои Ваъламӣ ном бое аз дарёи Сир ба воситаи мошини обкаш об мебаровард. Падари Петя зангӯланавози калисо буд ва дар вақтҳои холӣ асбобу анҷомҳои худро бардошта, маҳалла ба маҳалла гашта, бо тамоми овозаш «фақер тузатаман!» — гӯён фарёд мезад ва сатилҳои кӯҳнаро таъмир менамуд. Ҳам Петя ва ҳам Вася дар мактаби ягонаи русӣ гӯё дар як синф хонанд ҳам, ба якдигар буғзу адоват доштанд ва аз ин рӯ ба ду гурӯҳи ба ҳам муқобили бачагони шаҳр ҳамроҳ шуда, запозанӣ мекарданд.
Мо ҳанӯз ба бозори орди Панҷшанбе, ки каппон меномиданд, наздик нашуда, ҳаёҳуи бачагон: «Хуй мо! Чӣ гӯ»¹-ро шунидем ва тохтем, ки ба тамошо дер нашавад. Вақте ки ба майдони ҷанги лагад — бозори ғӯза расидем, дидем, ки ҷанги маҳшарӣ дар авҷ буд. Лагадчиён ба ҳам дарафтода, акнун дар торикӣ «дӯсту душман»-ро фарқ карда натавониста, занозанӣ мекарданд. Фозил маслиҳат дод, ки ба боми дӯкончаи мисгарӣ баромада, аз он ҷо хубтар тамошо кунем. Ба майдони ҷанг
________________________ ¹ Дар вақти ҷанги лагад иштирокчиёни вай аз ду тараф «чӣ гӯй!»— яъне таслим шав, «Хуй мо!» гӯён фарёд мезаданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё