Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Чунин ранг гирифтани ҷанги лагади байни бачагони қитъаҳои Раззоқу Қалъаи Нав мегуфтанд, ки сабаб дошт.
Боре дар шаби тӯи домоди раззоқию арӯси қалъаи-навӣ кадом хупуққилиқ дар ҳангоми нақшхонию дал-лолагӯй карда ба ҳавлии арӯс омадани домоду ҷӯраҳо-яш ба як сатил об ранги қирмизиро андохта, аз болои бом ба сари онҳо пошида, сару либоси тӯю сурпӯшак ва сару рӯи мардумро ранг кардааст. Дар ҷавоби ин, чун қалъаинавие аз Раззоқ ба духтаре хонадор шудааст, дар шаби тӯй ба таоми миёнахӯрак — мастова, кадоме хуббулмалик андохтааст. Ин доруи амалаш тези ис-ҳол ягон фурсат нагузашта, дар меъдаи одамон раъду барқи моҳи саврро сар мекунад ва ҷӯраҳои домод ба оварда шудани таоми дуюм, палав ҳам мунтазир шуда натавониста, якто-якто аз тӯйхона баромада мегуре-занд ва раҳ то раҳ пасхамию хилватҷойҳоро кофта, бо сад машаққату масхара ба ҳавлиашон бармегарданд. Ана аз ҳамин сабаб, гӯё кинаи дерина дар дили ду қис-ми аҳолии шаҳр хеле боз ҷой дошт ва пиқорҷӯён фур-сати мусоидеро ки пайдо карданд, аз якдигар қасос ме-гирифтанд.
Ҷанги лагади бозоршабҳо баъди революсия ҳам чанд соли дигар гоҳ-гоҳ ба амал омада меистоданд. Ҳарчанд ки акнун ба он калонсолон иштирок намекарданд.
Шабе аз шабҳои рамазон Фозил ном маҳаллагиамон омада, маро ба кӯча барои бозӣ даъват намуд. Мехос-там ҳамроҳаш берун равам, ки модарам боздошт.
— Ба куҷо мераветон?— пурсид ӯ.
— Ба кӯча бозӣ мекунем,— гуфт Фозил.
— Дур нареветон, — огоҳ намуд модар. — Накунед, ки ба бозоршаб равед.
Ба андешаи модарам, ман бозоршабро ягон бор бе падарам надида будам. Дар моҳи рамазон падарам ду се бор маро ба бозоршаб мебурд. Оинаҷаканд ё анҷирқанд харида медоду ба самоворхона мерафт ва аксар бо ҳамкасбони худ — косибони кафшдӯз нишаста, чойнӯшӣ менамуду ман қандро макида-макида ба суханҳоишон гӯш дода менишастам. Вале гоҳо фурсати мувофиқе пайдо намуда, чашми модару хоҳаронамро, ки ҳамеша шабонгоҳ ба дурравӣ намегузоштанд, хато намуда, тозон ба бозоршаб ҳам омада мерафтам. Вале ба ҷанги лагаду занозаниҳои дигар ҳаргиз иштирок намекардам.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё