Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

— Бисёр олиҷаноб! Орзуманди комёбии коратон ҳастам ва беқаророна тезтар дидани онро мехоҳам, — дасти Охундҷонро фушурдам.

VI

Дар шаҳрҳои дигар чӣ гуна буд, иқрор мешавам, ки намедонам. Дар Хуҷанд, дар моҳи рамазон сайру гашти шабонгоҳии мардум мешуд ки бозоршаб ном дошт. Рӯзадорони аз саҳар то шом чизе нахӯрдаву наошомида, аз гуруснагию ташнагӣ ба танг омада, дар ҳангоми ифтор зӯр зада шикамро бо ёфтаву тофтаи худ пур мекарданд. Чӣ ҷои гап? Бо чунин шиками нақораи тафсондашудавор таранг хоб кардан амрест басе маҳол. Бинобар ин, мардони рӯзадор бевосираи таровеҳ ба самоварҳои гузарҳо ва мардуми наздики бозор ба чойхонаҳои бозор ба чойнӯшӣ мерафтанд.

Бачагони атрофу акнофи бозор ҳам чун падарому бародарони калонӣ аз хона мерафтанд, ба кӯча баромада, бозӣ намуданро баҳона карда, тӯда-тӯда раҳсипори бозор мешуданд. Пулдорон анҷирқанду ойнаканд ва оби дандону наҳӯдшӯрак харида кайф мекарданд. Бачагони бепул ёди айш нисфи айш, оби даҳон меравонданд. Дар он замон ягон бозие, ки ҳама донанд ва гирд омада бозанд, набуд. Бозиҳои бачагони «Ҷав чанд банд?», «Савораю пиёда», «Чиллак» ва амсоли онҳо хоси дохили ҳар кӯчаю маҳалла буданд. Аз ин рӯ, бачагони як маҳалла бо маҳаллаи дигар, ё қитъаи Раззоқ бо қитъаи Қалъаи Нав бо ҳам «Ҷанги лагад» мекарданд, яъне ҳамдигарро бо лагад мезаданд.

Ин навъе гӯё аз спорти ҳамон замон буд, ки одатан аввал пешгардон, яъне чанд нафаре аз ду тараф ба миён фуромада, сар мекарданду баъд ҷанги лагад умумий мешуд ва маҳшарӣ ном дошт. Ин акнун фақат ҷанги лагад набуда, даст, мушту калла ва сангу кулӯхро ҳам ба кор меандохтанд. Ба ин занозаниҳо гоҳо йигитчаҳо ва баъзан моҷаро калон шуда рафта, аз ҳар ду тараф бо саллаю калла калонсолон низ иштирок менамуданд. Гоҳе мешуд, ки мушту хекиртаки байни раззоқию қалъаинави ба кордкашӣ меанҷомид. Ниҳоят ба миён барои чорӣ намудани тартибот миршабу посбонони растаҳои бозор даромада, бо дӯғу пӯписа ва гоҳо тиркушоӣ карда, занозаниро як навъ басанда менамуданд.

пешина
аз 447
навбатӣ