Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

театри ба номи Навоии Тошканд, Қасри маданияти колхози ба номи Ӯрунҳоҷаев дар Хуҷанд ва ҳамчунин дар бинои театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. С. Пушкин дар шаҳри Ленинобод. Ин кандакорию ин нақшу нигорҳо асрҳои аср ҳамчун ёдгориҳои қадимии Хоразм, Бухорою Самарқанд авлод-авлоди одамиро шод мегардонанд.

Писари Яъқубҷони фаранг Усто Охундҷони кандакор, наққошон Абдуғафур Мансуров, Усто Солеҳ Мақсудов ва дигарон аз рӯи нияти худ ба қавле ки ба комитети вилоятии партия дода буданд, ороиши театрро ба ҷояш монданд. Партия ва ҳукумат ба меҳнати эҷодкоронаи онҳо баҳои баланде доданд. Онҳо Лауреатҳои мукофоти ба номи Рӯдакӣ шуданд.

Дар канораи ҳавзаки сақфи вестибюл чунин байт бо ҳуруфоти арабӣ навишта шудааст:

Рассоми халқи тоҷик Абдулғафури Мансур
Ин нақши дилкушоро созад ба халқ манзур.

Боре дӯсти ман марҳум Ғафур Ғулом, ки ба тамошои нақшу нигори театр омада, мафтун шуда буд, ин байти маро ба сафинаи худ навишта гирифт ва ба қавли худ «тамоми шаб зӯр зада» пагоҳаш ин байтро ба ман тақдим намуд, ки ба устодон бирасонам:

Ин кандакорию нақш ҳамто ба худ надоранд,
Аз ҳар гулею нақше борад ба фарқи сар нур.

Ба муносибати бо мукофоти Рӯдакӣ сарфароз гардидани устодон зиёфате ороста буданду ман ба саломатию барори кори онҳо қадаҳе гуфта менишастам, ки Охундҷони аз хурсандӣ ба ваҷд омада даҳон ба гӯшам оварда, оҳиста гуфт:

— Кори буднашударо қоидааш эълон намекунанд. Аммо, гапи байни худамон, аз худам боз як нишона мондагӣ ҳастам.

— Хӯш? — бесаброна пурсидам.

— Як ғӯлаи хушки дарахти чормағзро кофта ёфтам. Тахта бурида як сурати Ленинро бо рамкааш аз он кандакорию ба горкоми партияи Ленинобод аз худ нишона гуфта тақдим мекунам. Охир, ба садсолагии рӯзи таваллуди Ленин ман ҳам бояд ягон ҳадя тайёр кунам.

пешина
аз 447
навбатӣ