Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
шимоли он, кӯҳсор, обшор, наҳри Сир, боғот ва пахтазор бояд инъикоси худро ёбад.
Шабҳое мешуд, ки Устоохундҷон мижа таҳ накарада, боз аз ҳама барвақт дар сари кор ҳозир мешуд.
— Охундҷон, имшаб магар боз хоб набурд?— пурсид боре ҳолдони ӯ усто Абдуғафур, вақте ман ҳам ба назди онҳо омада будам.
— Ба хаёлам, шумо ҳам он қадар хоби ором нарафтагӣ барин,— табассум намуд Охундҷон.— То бино буд нашавад, ману шумо аз хоб сер намешавем.
— Аз ин мебарояд, ки ҷои хобро дар дидагони шумо ёди кор гирифтааст?— гуфтам ман.
— Сирри ин албатта аз шумо пӯшида не,— нигоҳ ба ҷониби ман афканд пири хуштакаллум наққош Устосолеҳ риши дарозу паҳнро ба қабза гирифта.— Шумо ҳам ба як ҳисоб ҳамкасабаи мо ҳастед. Мо ба рӯи тахтаю девор қалам мекашему шумо ба рӯи коғаз, ҳамту не?
— Нағз гуфтед!— Аҳсангӯӣ намуд Охундҷон.— Шумо гапи Тошҳоҷа эшонро гуфтед. Ману раҳматии падарам нақшу кандакориҳои хонаи Тошҳоҷа эшон Асириро мекардему як рӯз падар бевақттар аз хоб хеста, ба ҳавлии шоир дертар тақрибан соатҳои даҳ рафт. Ҳалқа ба дари кӯчаашон зада будем, ки писари он кас Мавлави нӯг-нӯги по тохта баромаданду лаб газида гуфтанд, ки оҳиста даромада ба кор сар кунем. Лекин аз остона ба даруни ҳавлӣ қадам монда дидам, ки шоир саҷоқ дар даст рӯяшонро поккунон аз хона берун баромаданд.
— Шумо гумон накунед, ки ман ба мақоли хоби чоштгоҳӣ беҳ аз подшоҳӣ, амал мекунам,— гуфтанд шоир вохӯрикунон.— Ин мақолро коҳилон баровардаанд. Ман имшаб то саҳар шеър гуфтам. Баъд ба хоби ширин рафтам. Акнун, устои азиз, шумо бигуед, ки чаро дер мондед?
— Хаёли кандакорию нақшҳои шифти хонаатон, тақсир, маро ҳам то саҳар хоб кардан намонд,— гуфт падарам.
Асирӣ завқу ханда карданд.
— Ҳамаи мо ҳампешаю ҳамкасаба ҳастем, устои азиз, шумо ҳам қалам мекашеду ман ҳам.
Оре, шоир ҳам, наққош ҳам, дуруст гуфтаанд. Аз нависанда асар дар рӯи коғаз мемонаду аз наққошу кандакор дар сақфу девори биноҳои мӯҳташам чун дар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё