Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
-- Аз ин ваҷҳ хотирҷамъ бошед, - Ӯстоохунҷон ҳам дар навбати худ қавл дод: - кӣ медонад, ки баъди ин кай дар куҷо боз ин хел иморати калон мешавад.
-- Ташаккур. Ба ин эътиқод дорам, - гуфт котиб. - Акнун шумо бо меъмори бино бояд вохӯред.
Ба ҳамин тариқ, барои Ӯстоохунҷон девори бино баланд баромадан замон кор ёфт шуд. Аз рӯи архитектура шифти вестибюль ва ду долону ду шифти зал дар ошёни дуюм мебоист намунаҳои беҳтарини санъати наққошӣ ва кандакории миллиро медошт. Кандакорону наққошон бо меъмор зуд баҳам сохтанд. Кандакори гулдаст Охундҷон нақшаву раҷаи ҳар он чиро ки мехост аз кандакорию наққошии шифтҳо дошта бошанд, ба меъмор манзур намуд.
Аз рӯи андешаи эҷодии дуредгарон ва наққошон бештар шифти вестибюли хеле калон мебоист муҷассаму инъикоси кандакорӣ ва наққошии асрина мегардид.
Санъаткорони халқ бист намуди кандакорию наққоширо барои ин сақфи баланд интихоб намуданд, ки онҳо бо ибораву ифодаи соҳибони ин пеша аз поён ба боло арак, мадохил, занҷира, ҳошия, шарафа, кодоку дила, фурӯмон, сандуқа, нова, ҳавзак, кубба ва ғайра ном доранд.
Қори мураккаби меҳнатталаб рӯзона Охундҷонро
монда мекард. Аммо шабҳо ҳарчанд ба ҷоғаҳ барвақт
дарояд ҳам, хоб намеомад. Оё ягон хатое дар васл ё
нишондани тахтаву чӯб содир нашуд? - ба дил мегуфт
усто худ ба худ. - Бечиз намегӯянд: ҳар нақш, ки бад
шуд, ҳамаро чашм дар он аст. Ин хатое мебуд, ки ҳар
рӯз ба он чашми бисёр касон меафтад. Театр на танҳо
тамошогоҳ. Вай охир маҷлису маҳфилгоҳи калони шаҳри мо ҳам хоҳад шуд. Шаҳри Ленин дар соҳили Сир. Ба
зиёрати вай магар аз ҳар тараф одам намеояд? Алалхусус рӯзҳои тобистон. Дар канорҳои дарё чӣ қадар
мошинаҳо қатор мешаванд, ки ин тараф аз Бухорову
Урганч, он тараф аз Ӯшу Андиҷон омадаанд! Дар тамоми Осиёи Миёна одамони бисёре аз касбҳои гуногун ҳастанд, ки отпуски худро дар шаҳри мо мегузаронанд. Коре кардан даркор аст, ки ҳар кас бори дигар
дидапашро орзу кунад. «Агар таърихи нақшу кандакорӣ ва пешрафти имрӯзаи онро дидан хоҳӣ, ба Ленинобод раву театри онро бин» гӯянд. Дар ин чӯбкорӣ ва
нақшу кандакорӣ зебоии диёри тоҷикон, латофату зарофати

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё