Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Хуш омадед. Ман, Абдувоҳид ако, амини маҳаллаатонро ба кофтукови шумо фиристода будам, дидед, ё не? — пурсид котиб аз Охундҷон. — Не? Худатон омадед? Аҷаб, шунавем, хизмат?
— Хизмат не, ба як маслиҳат омадем, — гуфт Охундҷон.
— Пӯсткандаи гапро гӯем монем, — маҳмадоно боз ба гап ҳамроҳ шуд. — Шунидем, ки театр сохта мешудааст. Чӣ мешавад, ки ҳамин театр нақшину кандакорӣ шаваду...
— Мо ҳам барои ҳамин ба ҷустуҷӯи шумоҳо одам
фиристодем.
— Наход? Дилро ба дил раҳест гуфтани мардум бечиз набудааст! — гуфт усто Абдуғафур. — Мо бошем, аз ин бехабару омадем. Соли ману усто охир ба як ҷо рафта монд. Дар қасри маданияти Саидхоҷа наққошу кандакорон хеле ҳунарнамоӣ карда бошанд ҳам, ба ҳар ҳол аз шаҳр як қадам дур. Дар миёнҷои шаҳрамон модоме ки театр мешавад, кори хайр бошад ҳам нақшину кандакорӣ кардагӣ ҳастем. Ҳар чӣ набошад ҳусни онро зиёд мекунад.
— Китобхонаи шаҳрамон ҳам албатта хеле хушрӯй ба чор кас нишон додагӣ. Лекин андак хурд, ба ҷои паст фаромадагӣ, — гуфт усто Охундҷон. — Ҳунар қанотҳояшро калон кушода натавонистагӣ. Театр бошад албатта калон мешавад, бинобар ин...
— Олиҷаноб! — котиб гӯшаки телефони зангзадаро бардошту хандид. — Абдувоҳид ако, ташвиш накашед.
Ҳам Устоохундҷон, ҳам амакам Устоабдуғафур бо шогирдашон дар ҳамин ҷо. Саломат бошед. — Котиб гӯшакро гузошту суханро идома дод: — Абдувоҳид ако, гувоҳи гапам шуда ҷеғ заданд. Ба ҳамин тарик, ба қавле Хизр барин ҳозир шудед. Шумо, усто, дар умратон, ба фикрам, кори хайрро кам накардаед. Ҷуволи холӣ рост намеистад мегӯянд. Моҳонаи нағз медиҳанд. Аммо ҳафтоду як рагу пайро як карда зӯр занед ва ҳамаи ҳунаратонро кор фармоед. Ҳамин хел кунед, ки аз ҳар куҷо ҳар кас омада бинад, гӯяд, ки театр ҳусни шаҳри Ленинро зиёд кардааст. Ба наққош, чӯбкору гилкораш сад раҳмат!
— Ба ҷону дил,— нимхез шуда нишаст пирамарди кӯдаквор муаддаб Устоабдуғафур.— Дидагӣ тан медиҳаду халос.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё