Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ин гул аз боғи дигар мегуфт ӯ. Кандакорони гаҷ баъзан дар чӯб кандакорӣ карда наметавонанд. Усто Оҳундҷон ҳардуяро карда метавонад. Дар хотирам ҳаст, дар Кӯқанд ба як кас аз чӯби чормағз дари дутабақае сохта, кандакорӣ карда дод. Як устои машҳури кандакори Кӯқанд як рӯз даргузар шуда, шинонидани дарро дида меояд ва ба чашмонаш бовар накарда, кандакории печ дар печ байти дар ҳар ду табақи дар кандашуда ва гулпартоиҳоро дида, ҳайрон мешаваду амали кӣ буданашро мепурсад. Ба вай мегӯянд, ки кори ана ҳамин ҷавон. Усто дасти падомат ба пешонӣ мезанад.

— Ҳай афсӯс, агар ҷавон мебудам, ба ҳамин ҷавон шогирд мешудам,— мегӯяд кандакори номӣ.— Турфа ҳунарманд аст ӯ! Ту аз куҷоӣ ва писари кистӣ, ҷавони нағз?

— Хуҷандӣ. Аз маҳаллаи Чуғурчуқон, агар донед, писари усто Яъқубҷони дуредгар.

— Оё писари Яъқубҷони фаранг не?

— Ҳа, амак.

— Чӣ тавр надонам,— пирамард дастҳояшро аз даруни яқтаҳ ба қафо гузаронида, як қадам худро ақибтар кашида, ба кандакорӣ, ба ҳалқаю мехҳои мисию биринҷӣ синчакунон илова намуд:— шумо, тоҷикон, наққош нақши сонӣ беҳтар кашад зи аввал мегӯед, ки рост. То рафт кандакориҳои падаратро хубтар мекунӣ. Офарин, саломи маро ба падарат расон. Бигӯй, ки усто Абдулҳақи наққоши кӯқандӣ ба ҳунарам тан доданд. Мегӯй? Илоҳӣ дастони ҳунармандат дардро набинанд.

Нашъунамои пешаи дуредгарию кандакориро Усто-оҳундҷон Яъқубҷонов дар театри мусиқии мазҳакавии Ленинобод дар хиёбони ба номи Камол намоиш дод.

Чун наққошону кандакорон шуниданд, ки дар шаҳр бинои нави театр сохта мешавад, ба ҳузури котиби комитети вилоятии партия рафтанд. Пешопеш пирамардӣ қоқина, вале пурсалобат усто Абдуғафур Мансуров, аз қафо дигар марди солхӯрда ва хурдҷуссаи мӯи сараш сафед бошад ҳам буруташ кӯтоҳ ва абрувонаш сиёҳ — Оҳундҷон Яъқубҷонов ва боз як нафар наққоши ҷавон, ки ҳанӯз мустақилона кор карда натавонад ҳам ба тап ҷома пӯшонда метавонист ва ӯро устодон барои гапмаъқулкунонӣ бо худ гирифта буданд, омаданд.

— Ману устоҳо ба пеши шумо бо як маслиҳат омадем,— суҳан сар кард наққоши ҷавон.

пешина
аз 447
навбатӣ