Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

чӣ шуд?— мепурсид бой.— Ба нияти кор кардан омадед. Нағз намешавад.
— Мо ҳам меравем,— акаи ман ҳам омин карда, аз ҷой бархост.— Хез.
— Ба шумо карнайчиҳо чӣ чини қачалак зад!— бой, ки ба чунин оқибати сухани бемулоҳизааш ҳаргиз интизор набуд, пеши роҳи моро гирифта, боз касби дигарамонро масхара ҳам мекард.
— Бачагӣ накунед. Забони мургонро мургон медонанд, мегӯянд. Вайҳоро аз роҳ гардонда биёед. Ин коратон ба гуфтушунид нағз нест.
Бой зӯр зада сухан гуфта, моро баргардониданӣ мешуду ба кӯча бароем, Яқубҷон савораю Охундҷон пиёда ҳадаҳа харро давонда, анча дур рафта мондаанд.
Бой аз қафои онҳо як хизматгорашро давонд. Лекин баргашта наомаданд. Акаи ман бошад, аз ақиби онҳо тохта рафта, пеши роҳашонро гирифту ба хонаамон ба меҳмонию шабгузаронӣ даъват намуд ва ба ҷону ҳолашон намонда гирифта бурд,— нақли худро идома дод Баротбеков.— Пагоҳӣ дари мо тик-тиқ мешавад. Акаам баромада мебинад, ки худи бой аспакӣ омадааст.
— Маро ба пеши меҳмон баред!— пӯписа мекунад вай.
— Ба кадом меҳмон?— мепурсад акаам.— Агар Яқубҷони фарангу писарашро гӯед, онҳо саҳарӣ хеста рафтанд.
— Вай ношукрҳо-ку инҷой нею қаҳрашон дар нӯги бинияшон будаасту биринҷашон об намебардоштааст,— гилагузорӣ кард бой,— ба шумо чӣ бало зад? Чаро пишаки шуморо ҳам пишт гуфта намешавад? Агар арраю тешаатро ҳозир бардошта наравӣ, ба булӯс 1 мефармоям, ки ҷазоятро диҳад. Майлат, кунгирақатро ҳам гирифта рафтан гир. Садқаи сарам.
— Лекин раҳматии акаи ман ҳам одами ба захру зарда буд. Ба пӯписаҳои бой нигоҳ накарда, ба кораш нарафт,— гуфт Баротбеков ба мошина саворшударавон.— Бо Яқубҷони фаранг ва Охундҷон ману устоям дар Қӯқанд, Кони Бодом, Исфара, ҳатто дар Самарқанд ҳам чанд иморат сохта, наққошию кандакорӣ кардаем.
Назари устои раҳматии ман Охундҷонро гирифтагӣ буд.

1 Калимаи вайроншудаи волостной.

пешина
аз 447
навбатӣ