Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Корди Охундҷони мо ҳам, чунон ки мегӯянд, боз дар болои равған шуд. Ҳамаи кандакорони дуру наздик кори ин устоди гулдастро дидан замон мешиносанд.
Боре марҳум Йӯлдошбек Баротбекови кандакор раҳгузар шуда дар қишлоқи Қуркати ноҳияи Нов як чойхонаи навбунёдро дида, мошинаро боздоранду пиёда шуд.
— Гардед, муаллим, як даромада нақшу нигорашро бинем-чӣ, — таклиф намуд ӯ ба ман. — Овозаи ин чойхона то Истаравшани мо расидааст.
Ҳар ду ба чойхонаи на он қадар калони саҳнадор даромадем, ки аз дарун мисли чойхонаи колхози «Коминтерн» дар гирдогирдаш ошёнаи дуюм дошт.
— Нақш амали ягон наққоши навбаромад, — бо афсус сар ҷунбонд Баротбеков. — Аз ҳар куҷо як шингил гирифтааст. Аммо ин ҳунар не. Кандакориаш лекин олиҷаноб. Ин амали Устооҳундҷон, писари Яъқубҷони Фаранг аз шаҳри шумост. Ӯро бояд донед. Барака ёбад, устои гулдаст. Ӯ ҳунари падарро ба авҷи аъло бардошт, — гуфт кандакори истаравшанӣ. — Ин амалро тамошо кунаму шинам, мегӯед. Устооҳундҷон одами нозуктабъ. Дар Истаравшан, аз хотирам намебарояд, якчанд сол пеш аз инқилоб аз деҳаи Қалъаи Баланд Қурбонбой таАССУБ ба ёрон карда, аз ҷои баланду барҳавои шаҳр як ҳавлӣ хариду ҳамаи иморатҳояшро ғалтонда, ҳавлиҳои даруну берун андозондагӣ шуда, аз Хуҷанд Яъқубҷони Фаранг, аз Истаравшан устои ман Қобилбои наққошро кас фиристода овард. Ману акаам дар ҳавлии бой шишта будем, ки арақи Яъқубҷони Фаранг бо писараш Оҳундҷон, ки он вақт ҷавони понздаҳ-шонздаҳсола буд, даромада омад. Бои ҳавобаланди даҳанкалон ба Яъқубҷон базӯр нӯги дасташро дароз карда, вохӯрӣ кардаравон ба тарафи Оҳундҷон теғ кашида нигоҳ кард.
— Ҳар кадоми шумо як муфтхӯру даиғал...ро аз қафоятон гирифта мегаштетон-дия! Мулло Қобилро чеғ занам, укаашро гирифта омадааст. Шумо бошед, ана ин...
Оҳундҷон тозон рафту ресмони харро кушода гуфт:
— Дадо, рафтем!
— Ту намегуфтӣ ҳам, мерафтам, — Яъқубҷон ба тарафи дари кӯча роҳ андохт.
— Ба куҷо меравед? Ба ман нигоҳ кунед. Ба шумо

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё