Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Аммо ӯ нагуфт, ки «ҳой усто, шумо он ҳафта ба пули ман аз гуфти худатон, ним пуд ҷуворию даҳ чакса мош харидед. Аммо акнун нисфи он мошу ҷувориро намедиҳед».

Модар аз камоли хурсанӣ ба дамигарм як бурдаи калони қавурдокро ғоз-ғоз карда партофта, аз нав гарм кард. Баъди таом гилемро аз нав кушодем. Модар аз гилем чашми аз оби дида пурашро намеканд. Чӣ шабе буд он шаб! Ҳам хонаи гӯё тамоман холишуда мондаи мо аз сари нав пур шуд ва ҳам хӯроки болаззате хӯрда ба хоби ширине рафтем.

Як пораи он гилеми зардалои дар сандуқе ки аз падару модар ба ман мерос мондааст, нигоҳ дошта мешавад. Ман ҳикояи гилемро ба фарзандонам гуфтаам ва аминам, ки онҳо он порчаро чун мерос нигоҳ хоҳанд дошт.

Ҳакимҷонро пас аз ташкил шудани колхозҳо Пӯлод Бобокалонов аввал ба колхози «Коминтерн» ва баъд ба колхози ба номи Сталин бурд. Ӯ дар оҳангархона, устохонаю гараж устои ҳамаи устоён шуда то охири умр кор кард. Аз ӯ ду писар ва як духтару набераҳо монданд. Онҳо ҳам ба ҳавлии мо чун ба ҳавлии хешованд ва дӯсти падару бобояшон омаду рафт доранд.

...Вақтҳое буд, ки Усто Охундҷон аз кандакор шудани худ пушаймон ҳам мешуд. «Сохтани иморатҳои нақшин ва кандакорӣ аз расму одат баромада меравад», — гӯён афсӯс мехӯрд ӯ. Вале гумонаш дуруст набаромад.
Пеш аз ҳама колхозҳо ба сохтани клубӣ чойхонаҳои сурхи кандакорию нақшин оғоз намуданд. Ба ин кор яке аз маршалҳои сохтмони колхозӣ ҳамон Пӯлод Бобокалонов ибтидо гузошт. Аввал дар колхози «Коминтерн», баъд дар колхози ба номи Сталини ноҳияи Хуҷанд чойхонаҳои дуошёнаи нақшину кандакорӣ, дар қароргоҳҳои бригадаҳо шипангҳои нақшу нигордор сохтанд, ки ба тамошои онҳо на танҳо аз ноҳияҳои шимоли сарзамини тоҷик, балки аз ҷануби он, аз дигар ҷумҳуриҳои бародарии Осиёи Миёна одамон меомаданд. Ба нақшу кандакорӣ акнун чунин иморатҳо, ки қариб дар ҳамаи колхозҳои хушдаромади пахтакор расм шуда буд, монанди Охундҷон Яъқубҷонов, Абдулғафур Мансуров, Солеҳ Мақсудов аз Ленинобод, Баротбеков аз Истаравшан, наққошону кандакорони чӯбу гаҷро ҷустуҷӯ карда, мунтазири навбат шуда мебурданд.

пешина
аз 447
навбатӣ