Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳам, аз панҷ нафар фарзандонаш модарамро зиёдтар дӯст медошт, гиристу ба писар зорӣ кард, ки ҳар навъ карда, дарравтар пул ёфта диҳад. Усмонбой розӣ шуд. Гуфт, ки ҷудо дур равад, баъди як ҳафта пул ёфта медиҳад. «Дурӯза дар шаҳр кори тезбӯлакӣ ҳаст. Тамом ки шуд, баромада ба Ғӯлакандоз меравам ва аз як одами қарздор, ки имораташро сохта будам, як пуд гандум рӯёнда мебиёям, хотирҷамъ бошед, гилемро ҷудо карда мегиред».

Очаам дастархон кушод. Дами оши палави ҷавинро бардошта, ба як табақ кашида омад. Ҳамон солҳо ҷавро тар карда, дар ҳован кӯфта, сабӯсасро равонда, ба рӯи зирбак ба ҷои биринҷ андохта, дам карда хӯроке пухта мехӯрданд, ки чун тасаллии дил ба вай палав ном дода буданд. Ман медидам, ки аз хурсандӣ дар лабони модарам табассуми ба рӯи сурху сафедаш бағоят зебанда медамид ва ҳарчанд таоми шомӣ нахӯрда бошад ҳам, «ман авқот карда будаму сер», гӯён даст пок кардани шуд, модаркалон намонд.

— Хӯроки инвақта чор қадам монӣ, ҳазм мешавад. Ҳидоятҷон тез-тез гир.

Модарам муждаро ба падар расониданӣ шуда аз модаркалон иҷозати рафтан хост. Ӯ ҳарчанд таваллою зорӣ кард, ки хоб кунад, қабул нанамуд. Вақте ӯ ба сар фаранҷӣ гирифта, дар ғуломгардиш бо тағоям хайру хуш, дуо ва изҳори миннатдорӣ мекард, модаркалон як косаи ба сачоқ печондашударо бароварда дод.

— Инро ба домоду духтарат бар. Онҳо ҳам як палави ҷавӣ хӯранд, — гуфт.

Модар не-не гӯён даст дароз намуда, косаро гирифту ба даруни фаранҷӣ пинҳон кард. Дар хона ба ҳама хушхабар расонда, вақте ки сачокро кушодем, хуш аз сарамон парид. Дар коса палави ҷавӣ не, қавурдоки аз ҳум бо равғани дунба кандашуда буд, ки хонаи мо хеле боз рӯи чунин хӯрдании ноёб ва нодирро надида буд.

Тағоям ба ваъдааш вафо карда, як ҳафта ҳам нагузашта пулро овард. Падар онро гирифта, ба пеши Ҳакимҷон рафту гилемро баргардонида овард.

— Худо ба умру ҷони Ҳакимҷон баракат диҳаду барори касбу кораш зиёдтар шавад, — дуо мегуфт ӯ. — Одамгарӣ кард. Одамгарӣ аз ин зиёд намешавад. Пул ҳамину дар ин як ҳафта қурбаш ду баробар паст шуд.

пешина
аз 447
навбатӣ