Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

модар ба мо ҳасраткунон. — Аммо ин мардаки ба воҳима мондагӣ аз гушнагӣ немурем гуфта, хонаро луч карду монд.

Бегоҳирӯзӣ падарам дар ду халта нима-нима ҷуворию мош бардошта омад.

— Ним пуд мош харидаму даҳ чакса ҷуворӣ, — хабар дод ӯ худро хушҳол нишон дода. — Як илоҷе карда аз ин баҳори курроқӣ баромада гирему зиндаю саломат монем, гилем бошад, ёфт мешавад. Сар бошад, агар сиҳат саломат, мевӣ ҳамеша молу давлат, гуфтаанд. Хафа нашав, ба бачаҳо дилам месӯзад.

Модар ба лингаҳои мошу ҷуворӣ, ки ҳар кафаш баробари тухми анқо буд, нигоҳ накард. Падар ба ду хум ғалларо ҷудо-ҷудо холӣ намуд.

Ба хоҳарам Оиша фармуд, ки сабзию шалгам қалам кунад. Худаш ба оташдон алав, дар дег пиёздоғи камравғане карда, об ва баъд як пиёла мош андохта баромада рафт. Ман аз қафои ӯ ба дӯконхона баромадаму дидам, ки ӯ ҳам гирья мекард. Гирьяи ман ҳам омаду аз наздаш рафтам. Падар гӯё рӯи ба модару фарзандон нигоҳ кардан надошт. Ба хӯроки шом — мошпиёба наомад. Модар маро фиристод, ки ба хӯрокхӯрӣ таклиф кунам. Вай дар дӯкон набуд. Мошпиёба, ки дар рӯяш равған базӯр йилтирос мекард, дар наздамон хунук меистоду бо вуҷуди гуруснагӣ ҳеҷ кас қошуқ ба коса намебурд.

Ногоҳ модарам ба хоҳарам рӯй овард:

— Ту дар хона шав. Агар тарсӣ, дугонаат Ибодатро чеғ зада биё. Мапу укоят ба ҳавлии тағоят меравем, — махсӣ ба по кашида, фаранҷӣ ва чашмбандро ба сар гирифт. — Агар дадоят пурсанд, гӯ ки имшаб хобида, пагоҳ меомадаанд. Меравам, зоро раҳми тағоят биёяду агар пулаш бошад, аз ҳисоби ҳаққи ман ба ҳавлии падар, печи пул диҳад, ки гилемро гардонда гирем.

Хоҳарам розӣ шуд. Мо баъди шом ба ҳавлии тағоям Усмонбой, ки дар маҳаллаи Қозилуччакон буд,
расидем. Усмонбой ҷавони хушрӯй, хушқаддубаст, дуредгари ҳунарманде буду шояд оқибандозии меҳнати
солҳои гузаштаро дошт, ки ба хӯрду хӯрок он қадар
монанди мо мӯҳтоҷ набуд. Ӯ чашмони аз гирья варамидаи модарамро дида, дар изтироб монда, пурсуҷӯ
кард. Хории модарам омада, гирист ва нақли фурӯхта
шудани гилемро кард. Модаркалонам пиразани меҳрубон

пешина
аз 447
навбатӣ