Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Ба рӯи гилем мори ниммурда барин дароз кашида хобӣ, нағз-мӣ? Хезетон, як дам ба рӯи ҳавлӣ бароетон,— гуфт падарам ба ману хоҳарам, ки ба ҳоли мо дар диламон сӯхта мегиристем. Мо берун баромадему дур нарафтем. Овози падари ба гӯш мерасид. — Ту беақлӣ накун, зан. То кай алафу решаи алаф, сабӯсу патоси шолӣ, ордаки донаки зардолу хӯроки ману ту мешавад? Ту ба қавоки бачагонат зеҳн монда нигоҳ мекунӣ? Қавоқашон варам.
— Ҳар чӣ ёвем, ба ҳаминҳо мехӯронем. Лекин намемонам, ки яктаю якта палоси дурусти хонаро фурӯшед.
— Аз хонаи падарат овардӣ, ё аз пули маҳрат харидӣ?— овозашро баландтар кард падар.— Худам ҳайрон, ки чаро бо ту маслиҳату манша мекунам. Мефурӯшам гуфтам, мефурӯшам. Ба ман гилем не, ҳозир шикамро обод кардан даркор.
— Маро мекушеду гилемро мебаред.
— Девона-ку нашудай?
— Ҳар чӣ гӯед, гӯед.
— Чораи дигари зинда мондан нест, мефаҳмӣ? Ҳозир ҳам сари вақт, вайро фурӯхта, андак мошу чуворӣ харида, чӯшонда хӯрда ба кавли ту, ба тутпаз расем, мешавад. Аммо фардо аҳвол бадтар шавад, ягон кас ба гилем нигоҳу ба як қадоқ орд ҳам алиш намекунад.
Гирьяю зории модар садди азми падар шуда наметавонистанд. Ӯ гилемро ба рӯи ҳавлӣ кашолакунон бароварду пасу пешашро рӯфта таҳ кардан гирифт. Модар рӯқанону мӯйканон баромада, аз як лаби гилем ба ҷониби хона мекашиду аз тарафи дигараш падар ба тарафи кӯча. Аммо вақте ки падарам пӯписа кард, ки як лагад зада меафтонаду гилемро мебарад, модар ҳарчанд боварӣ дошт, ки ӯ дасти зананда надорад, гилемро сар дод ва ҳой-ҳой гирьякунон ба хона даромада рафт.
Он рӯз ҳам аз ёди ман намеравад. Баъди рафтани падарам борон омад. Аввал борони ҳардамхаёл буду баъд ҷадал кард ва фурсате нагузашта аз новаи бомҳо об рехтан гирифт.
— Худои меҳрубон ана боронро дод. Ҳаннот ба осмон нигоҳ мекунад. Боронгариро ки дид, ғаллаю донаи руст карда мондагиашро ба бозор мебарорад,— мегуфт

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё