Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

гӯё «кори намешудагиро накуну мардумро нахандон» — гуфта бошад. Лекин Ҳакимҷон сохтани анҷому асбобҳои аҷиби рӯзгорро давом медод ва ҳар чизӣ наверо, ки техника эҷод менамуду намунаашро дар газетаю журналҳо медид, аз паи дидану фаҳмидани чӣ гуна сохта шуданаш меафтод. Ҳакимҷон ҷавонмарди олийҳиммат ва дастгири дармондагон буд. Аксар вақт кори қашшоқони маҳалларо бепул мекард. Ӯ ба хонадони мо ҳам некие кард, ки то зиндаам аз ёдам намеравад.

Соли пуздаҳум ҳам барои мардуми Туркистон, аз он ҷумла, мардуми Хуҷанд соли вазнин буд. Хушксолӣ хоҷагии харобшударо харобтар мегардонд. Заминҳои кишт аз беобӣ чун пастхамиҳое ки селоби кӯҳу даштро рӯфтамада аз лойоба пур карда рафтааст, торс-торс кафида буданд. Меваи долу дарахтонро хунук зада буд. Бо вуҷуди он ки бо даъвати Ленин Россияи мушкилӣ ва норасоиҳояш камнабуда бо ғаллаю молҳои саноатӣ ба туркистониён мадад мекард, қаҳтии баҳори соли ояндаи баъди хушкӣ ҳоли мардуми бечораро табоҳ мекард. Мо ҳам аз ҷумлаи ҳолашон табоҳон будем. Тамоми дарахтони майдончаамонро хунук зада буду ба ҳосилаш умед баста наметавонистем. Шикамгуруснаро пойафзоли нав чӣ даркор? Кафшро дар бозор ҳеҷ кас намехарид. Падарам машғули кӯҳнадӯзӣ шуд. Ӯ сандалча, бигизу сӯзан, муму ресмонро ба халта андохта, маҳалла ба маҳалла гашта, пойафзоли кӯҳнаи мардумро дарбеҳ мекарду даромадаш лекин ба қӯти лоямут кифоя наменамуд. Акнун ба атола ва нони загора ҳам пул намеёфтем. Бинобар ин, падарам ягона палоси ба чашм намоён — зебу зинати хонаамон гилеми зардалои қирғизиро фурӯхтанӣ шуд.

— Ба одами бегона не, ба Ҳакимҷон тавалло кардам, ки гираду худо расонад, агар ба амонию арзонӣ расем, пулашро медиҳаму гардонда мегирем, — гуфт ӯ ба модарам, ки ба ин таклиф норизо буд. — Ту бехуда оби дида нарез. Аз гушнагӣ мурда равем, гилем ба кӣ даркор?

— Аз гушнагӣ мурем ҳам, гилемро ба фурӯхтан намедиҳам,— якравӣ мекард модар. — Қаноат мекунем. Тутпаз он қадар дур не. Ягон моҳ монд. Даҳонамон тут ба ки расад, намемурем. Гилемро нафурӯшед, ҷон дадош. Якта чизи дурусти хонаамон ҳамин гилему вай-ро фурӯхта, болои пӯстаку бӯръӣ мешинем-мӣ?

пешина
аз 447
навбатӣ