Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Биё, биё,— гуфта ӯ дарро кушод ва ба ман фармуд, ки дари кӯчаро бандам.— Хез куну ба бом баро. Ман аэропланро медиҳам. Ба лабаш мемонӣ. Саҳни ин ҷо танг. Аз рӯи ҳавлӣ истода мекашему мебинем, ки мепарад ё не.
Ҳакимҷон моделро ба дасти ман дод. Ман онро дида дар тааҷҷуб мондаам. Ба меҳвари пропеллер як ғалтаки ресмонаш пур гузаронида, ба нӯги ресмон сангмайдаи чандпайсагии тарозуро баста, ғайр аз ин, барои аз поён истода кашидан, аз «биннии» аэроплан ҳам ресмон гузаронида шуда буд. Ман ба умеди аз бом тамошо намудани парвоз дар он ҷо мондам ва нӯги ресмонро ба конструктори аввалин модели аэроплан аз тоҷикон ба Ҳакимҷон додам. Дилам метапид. Конструктор аз бом ягон бист қадам дуртар истода ресмонро кашид. Чӣ мегӯед, ки то ба замин расидани санги пайса, ки ресмонро кашиду парраро чарх мезанонд, аэроплан чанд сония дар ҳаво шуд. Лекин аз вазнинии як тарафаш бошад, магар ки ба як паҳлу омада, ба замин зад.
Нишоти Ҳакимҷон ҳадду поён надошт. Ӯ бачавор тохта омада, моделро бардошт ва ҳар тарафашро диду ин дафъа маро ба боми баланди хона баровард. Аз он ҷо моделро кашид, ки вай ин дафъа зиёдтар дар ҳаво шуд.
— Ана дидӣ, уко, фарз кардему аз болои ягон сафедор ё мапори шаҳр бароварда сар диҳӣ, бешубҳа хеле вақт мепарад. Аз ин мебарояд, ки ба даруни вай як моторча шинонию ҳамин парраро чарх занонад ва ба пеш тела диҳад, аэроплани таппа тайёр.
— Рафту паррад ҳам, аз вай чӣ фоида? Ба дурупаш одам даромада намешинад-ку.
— Чаро?
— Коғазу картон одамро намебардорад.
— Қалонаш аз коғазу картон сохта намешавад. Фанер ҳаст, латтаю тахта ҳаст, елим ҳаст,— гуфт Ҳакимҷон, ки аз андешаи соддаёнаи ман завқ менамуд.— Аммо ҳамаи ин харҷи калонро талаб мекунад ва моторёви аз ҳама қийин. Агар ягон идораи ҳукумат мотор ёфта диҳад, аэроплансозӣ чандон мушкил не,— илова намуд ӯ саҳлгирона.
Вале дере нагузашта ин ҳавою ҳавас ҳам аз сари ӯ берун рафт. Зеро аз ин орзуи вай падараш огоҳ гардида,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё