Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мактаб рафта, ба ҳамсинфамон нишон дода биёям. Сад афсус, орзу ҷомаи амал напӯшид.

Албатта, ба ин орзуям дертар расидам. Соли сиюякӯм ба идораи газетаи «Большевики Хуҷанд» ба кор омада дидам, ки велосипед дорад, шод шудам. Ман аз он чанд бор афтида, поро лат хӯрондаму дастҳоямро харошонда, савориро ёд гирифта будам. Вале ба он ҳам чашм расид. Як тарҷимони самарқандӣ, ки Наҷибов ном дошт ва мегуфтанд, ки шабҳо ғайри тарҷима қиморбозӣ ҳам мекунад, велосипедро ба қимор бой дода, аз кори нонаҷибона шарм карда, ба шаҳраш гурехта рафт ва дигар барнагашт. «Велосипедсавориро дар қолу бало худованд ба пешони ман, аз афти кор, навиштагӣ будааст...»— мегуфтам ба худ.

Фарангзода — Ҳакимҷон, ки аввал шайтонаробраи нави аз пештара дида хубтар сохта буд, пас аз чанде аз баҳри он гузар карда, ҳавою ҳаваси нав пайдо кард. Ӯ аэроплан... сохтанро орзу мекард. Чӣ гуна журналеро пайдо намуда хондаасту акнун чун рози ниҳонӣ ба ман мегуфт, ки аэроплан бемотор ҳам мешавад. Барои ин чарх задани парра яъне пропеллер бас аст. Як шаб чун ҳамеша ба дӯкони ӯ омада дидам, ки дар рӯи харак як модели аз коғазу картонҳои гуногун сохтаи аэроплани ҷуфтбол меистод. Чун наздик рафтам, Ҳакимҷон огоҳ намуд:

— Навакак часпонда тамом кардам. Баногоҳ нарас. Пагоҳ аз кор барвақттар меоем. Як парронда мебинем. Рафту парид, калонтарашро месозам. Лекин, уко, ба ҳеҷ кас ҳоли ҳозир аз ин хусус даҳон накушо. Напарида монад, масхара нашавем. Ин кори таваккалӣ, фаҳмидӣ?

Ҳамон шаб дар хаёли парвози аэроплани фарангзода то хеле вақт хобам набурд. Пагоҳаш чӣ дар мактаб, чӣ дар мадраса ва чӣ дар кор чӣ гуфтам, чӣ гуфтанд, чӣ хондаму чӣ мекардам, намедонистам. Тамоми хушу ёдам банди аэроплани Ҳакимҷон буду бас. Зеро дар бораи аэроплан агарчанде дар мактаб шунида бошам ҳам, ҳанӯз парвози онро, магарам ки сураташ, надида будам.

Аз ҳаррӯза дида он рӯз Ҳакимҷон барвақттар омад. Ман берун баромаданро баҳона намуда, ба даричаи ҳавлии беруни Ҳакимҷон сар халида дидам, ки ӯ дари дӯконашро мекушод.

пешина
аз 447
навбатӣ