Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
даҳон андохта, аз ман пурсид: — Намакаш қалай? Расо барин-а? Биринҷ сахт не, чӣ гуфтӣ? Яъне обу намакаш ҷоғу ҳамин обашро чинад, гуппӣ табақи дамро ба болояш партоем, сурхпалав мешавад.
Бибирофиа, ки дар айвон сараш бастаю дар бистар бетобнамо мехобид, хандид:
— Як умре бе шӯхию қизикӣ гап назадед, назадед.
Намакро шумо мечашеду вай аз куҷо медонад, ки чӣ хел?
— Раҳим зирак, — табассумунон гуфт Ҳакимҷон, — Ба афтам нигоҳ ки кард, мефаҳмад...
Ҳакимҷон дар байни корҳои дигар қариб як моҳ ҳар шаб андак-андак фурсат ёфта, як велосипеди чӯбин сохт, ки онро хуҷандиҳо он вақт шайтонароба меномиданд. Фақат пофишор, руль ва резинакҳои чархи вай аз велосипеди кӯҳнае гирифта шуда буду дигар тамоми вуҷудаш аз чӯб. Чарх, кегай ва қисмҳои дигар аз чӣ гуна чӯби сахт сохта шуда буданд, намедонам. Ҳакимҷон ба ҳар қисми аробааш як ранг дод. Вақте ӯ ҳар рӯз савори он шуда ба кор мерафту бармегашт, дар тамоми сари роҳ ҳамеша гурӯҳ-гурӯҳ бачагон аз ду тарафаш фарёд бардошта, то монда шуданашон метохтанд ва калонсолон бошанд, «Тавба! Ин фарангзода аз дадош ҳам гузаронд» гӯён лаби таҳсин мегазиданд.
Як баҳору тобистон Ҳакимҷон ба шайтонаробаи аҷоиб ва ягонаи худ савор шуду тирамоҳрӯя ба он чашми бад расид. Рӯзе бегоҳон ӯро дар кӯча дидам, ки қисмҳои сиҳатмондаи велосипед: пофишор, рулу резинро бардошта меомаду дар ҷавоби нигоҳи ғамангези ман бо табассуми таАССУФангез гуфт:
Чунин аст расми сарои дурушт,
Гаҳе пушт бар зину гаҳ зин ба пушт!
— Хайр, илоҳӣ балои омадагӣ ба ҳамин занад. Рӯзаш буд шавад, одам немураду шайтонароба намешиканад-мӣ?
Вале аз Ҳакимҷон дида ба вайрон шудани шайтонароба ман зиёдтар сӯхтам. Зеро пойҳоям ба пофишор
он қадар нарасад ҳам, се-чор бор бо мададгории Ҳакимҷон ба он савор шуда, ронданашро қариб ёд гирифта
будаму орзу доштам, ки як бор ба он савор шуда ба

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё