Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

— Чӣ навиштед, тақсир?— пурсид усто Яъқубҷон.
— Дуои ҷонашро кардам.
— Наҳот?
— Дигар аз дасти мо чӣ меояд?— пурсид шоир.— Мо на қаҳри қозиро дорему на ҳукми ҳоким.
— Ҳар чӣ навишта бошед ҳам, номатонро ки хонд, тақсир, об медиҳаду халос.
— Илоҳӣ гуфтаатон шавад,— ҳазломезона гуфт шоир ва аз дасти Ҳакимҷон, ки аз тохта омадан ҳарсос мезад, конвертро гирифта, бо ҳама хайру хуш намуд.— Як нусхаи ғазалро рӯйбардор карда, ба шумо меоварам.

Ҳакимҷон аз маҳаллаи мо духтари як хеши дурамонро, ки Бибирофиа ном дошт, ба занӣ гирифта, хонадомод шуд. Ин соли ҳаждаҳ ё нуздаҳум буд. Ӯ рӯзона ба дӯкон ба назди бародараш Абдуҷаббор ба кор мерафту баъди аср ба хона бармегашт. Вале ӯро дар он ҷо осуда намегузоштанд. Бинобар ин, дар ҳавлии берун лою гил ва дуредгарӣ карда, меҳмонхоначаи ба қавли худаш чингу линг сохт. Пешгоҳи меҳмонхона суфа дошт. Пойгоҳ хараки кор. Дар амал ин меҳмонхона шӯъбаи дӯконхонаи дар бозор будаи фарангзода буд.

Ба ҳавлӣ омада фурсати таом хӯрдану чой нӯшидан дар он ҷо мешуду баъд ба дӯкон мебаромад, ки дар он ҷо ҳамеша як-ду нафар мунтазираш мешуд. Ӯ самовору чойҷӯшҳои сӯрохшуда, мӯшинаҳои чокдӯзиро таъмир менамуд. Ба лаганҳо қалъагӣ давонда, пардоз мекард. Барои кафшу маҳсидӯзон сандалича ва барои хонаҳо сандалӣ, тираки ошу тахта, рами тирезаҳо месохт ва шикасту рехти хонаҳои мардумро низ ба ифоқа меовард.

Мо ҳамсояи ҳавлидармиёни Ҳакимҷон будем. Аз ҳавлии ҳамсоямон, Мирзоҷони нонвой ба ҳавлии Ҳакимҷон дарича буд. Бегоҳирӯзӣ аз хонданҳо ва мададгорӣ ба падар фориғ ки шудам, мунтазири аз хона ба дӯкон баромадани Ҳакимҷон мегардидам. Тамошои корҳои ӯ барои ман турфа нашъае дошт. Ӯ хушгуфтор буд ва бо ман ҳазлу мутоибаро дӯст медошт. Боре бегоҳон ба дӯконхонааш рафта, ӯро наёфтам. Ба ҳавлии дарун омадам, ки дар он ҷо вай таом мепухт.
— Биё-биё,— гуфт ӯ бо қошуқ аз рӯи палави ҷӯшида истода андак обу ва ду-се дона биринҷро гирифта, ба

пешина
аз 447
навбатӣ