Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

намерасад, — дафтари ҳасратро кушод ӯ. — Хонааш сӯзад, миробамон Ашрафхоҷа ба мани бечора аксум шуда мондагӣ, — овозашро андак паст намуд вай. Очизаи мани шӯрбахтро ба писари безориаш келин карданӣ шуда, миёнаравҳо фиристод. Хонаигиамон не гуфту шишт. Беҳуда ҳам не намегуфт. Худи шумо, ҳазрат, охир писари вайро медонед-ку. Рӯз ҳангию шаб банғӣ.
Акнун ба ҳамсозаминҳо дуборӣ об доду юнуққаи сеюним моҳ пеш коштай ман аз беобӣ як буғун ҳам насабзидааст. Охир ҳамин ҳам инсофу мусулмонӣ-мӣ? Илоҳӣ мартабаатон аз ин ҳам зиёд шавад.

— Шуд-шуд, бародар, — шоир ӯро аз давомдиҳии зорию дуо боздошт. — Шумо ба самоворхона раведу як ҷой гирифта, як-ду пиёла хӯрда истед, ман ба номи вай як шуққа хат навишта медиҳам, бурда месупоред.

— Аз фарзандонатон орзуятон шиканад, — деҳқон мутеона ба чойхона рафта, дар лаби кате пой дароз карда нишасту Асирӣ қарандашу сафинаро гирифту навишт.

— Ба мироби побоб Ашрафхоҷа.

Хушку беоб ҷамъ пажмурда,
Сар баровард аз замин беда.
Сеюним моҳ шуд, ки коштам,
Ҳоли ҳам як буғун наёзида.
Қишти хушкидаро надодӣ об,
Бод умрат чу кашти хушкида.

Шоир ба ин ҷо расиду ангушт ба манах бурда, як тор ришро байни нохунҳо гирифту барканд. Ҷояшро молида-молида монд ва фурсате ба хаёл фурӯ рафту навишт:

«Баъдаҳу эй Ашрафхоҷа, огоҳ бош! Билфарз, агар боз қаҳру ғазаб куниву об ба кишти барандаи ин хат, Бобоҷон, надиҳӣ, аз гиребонат гирифта рост ба Чорраҳаи мардон меовараму гирифтори лаънат ва мазаммати мардум мекунам.

Тошхоҷа Асирӣ».

— Абдуҷаббор! — ин коғазро ба он марди ин ҷо омада деҳу гӯй, ки худи ҳозир ба мироб бурда диҳед.
Ҳамин рӯз ба юнуққаатон об медодааст.

1 Духтаратонро падарон чупин меномиданд.
2 Зани худро мегуфт.

пешина
аз 447
навбатӣ