Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
Ба гӯшам мерасад сози фусунсози гиромуфин,
Диҳад бар пайкарам ҷон сӯзи овози гиромуфин,
Садои авҷу аксаш мум созад нағмаи Довуд,
Ба аршу фарш гӯ як сози дамсози гиромуфин.
Шуданд аҳли каромат ошиқи эъҷози довудӣ,
Бубин аҳли каромат инак эъҷози гиромуфин.
Кунад Гулёр гульёри тараннумсози гулчераш.
Ба Шаҳноз аст дарс аз нози таннози гиромуфин.
Сафоҳону Ироқаш рост созад Насри сегоҳаш,
Кунад фатҳи Ҳиҷози назм таку този гиромуфин.
Навои дилнавозаш дил канад, ҷону ҷигарпора,
Мақоми Чоргоҳи гирьяпардози гиромуфин.
Адилаш кам, мисолаш нодиру камъёб монандаш.
Асир алқисса гӯ олам даҳонбози гиромуфин.
— Ба ҳар муроду мақсадатон расед, таксир! — хитоб намуд Яъқубҷони фаранг даст ба риши мошу биринч бурда. — Ҳамин байта як шабанда гуфтед-мӣ?
Шумо валиолло ҳастед, таксир. Валӣ! Мо, дадою писарҳо, ба гирамафун қарздор. Худи пагоҳ ягон Тошкандрав ёфта, пул дода таъин мекунем, ки харида биёрад.
— Тақдим кардагӣ барин шудед, усто, — шоир аз мақбул афтодани шеъраш хушнуд гардида буд. — Шӯхӣ мекардам. Нағзаш ин ки ин ғазалро ба рӯзномаҳои Тошкандӯ Қазон чоп мекунонем. Мурда бошанд ҳам ду-се танга мефиристанду оқибандозро илова карда, як гиромуфин бошад, мехарем.
— Не-не, домуллопоҷо, — гуфт Ҳакимҷон, ки ҳанӯз боварӣ надошт ин ғазал дар як шаб навишта шуда бошад. Шартро буридед, ба гапамон меистем.
— Барои ҳиммати олӣ ба ҳарсеатон ташаккур. Мегӯед, ки гиромуфин мошинай инҷиқ асту зуд-зуд вайрон мешавад. Насиб бошад, гирему, фаразан, вайрон шавад, бепул дуруст карда диҳед. — Шоир ба Ҳакимҷон муроҷиат намуд: — Ту аз ҳама чолоктарӣ. Тохта рафта, аз Бобохоҷои саҳҳоф ду дона конверт харида биё, ки ин шеърро фиристем.
Ин вақт як харакии миёнсоле ки ҷомаи кӯҳнаи сандуфи сиёҳ дар тан ва тӯппии чусти равғанин дар сар дошт, аз тарафи Чорраҳа меомад, ягон бист-сӣ қадам дур аз Асирӣ аз хар худро таппӣ ба замин андохту ресмони нӯхтаи онро ба як симчӯб печонда, тозон омад. Дуқад шуда бо Асирӣ вохӯрӣ намуда, дастонашро ба чашм молида, ба арзу дод даромад:
— Аз хоки поятон гардам, ҳазрат, ҳеҷ ҷой намонд,
ки нарафтаю арз накарда бошам. Ягон кас ба додам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё