Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Не-не, таксир, — эътироз намуд Яъкубҷон, — шумо ҳеҷ вақт байти бад нагуфтаед ва ин дафъа ҳам намегӯед. Табъи шумо равону кай ки хоҳед, чӣ қадар ки хоҳед, менависед.
— Эй кош ҳамин тавр мебуд! Магар нашунидаед, ки Ҷомӣ, ҳазрати мавлавӣ Ҷомӣ аз машаққати шеъргӯй чӣ гуфтаанд!
Фазои қофия гарчанд Қоф то Қоф аст,
Ба фикри қофия ҳар дам ба танг меоям...
Яъне, устои азиз, Ҷомӣ барин сухангӯи бемислу монанд ҳам бемашаққат байту ғазал нагуфтаанд. Вале дубӯё ба умед, усто. Агар пирони комили шеъргӯӣ дастам бигиранд, пагоҳ вақти нопушто шеърро меоварам, хонда медиҳам ва агар маъқул афтаду гиромуфин мерӯидагӣ шавад, нони гарму як коса қаймоқ аз ҳисоби ман. Хуб?
— Хуб, — розӣ шуд Яъкубҷони фаранг, ки остини ҷомааш дасти ранҷурро бо кафи чап мемолид.
— Шумоён чӣ? Розӣед? — шоир аз фарангзодагон пурсид.
— Албатта, — ҷавоб дод Ҳакимҷон.
— Аҷаб, ки Абдуҷаббор лому мим намегӯяд, — шоир рӯй ба писари дуюми Яъкубҷони фаранг овард. — Метарсам, ки ӯ розӣ нест.
Абдуҷаббори як пояш ланги модарзод ва як чашмаш гулдор, ки аз ранҷурию маъюбӣ гӯё дар хиҷолат буд, гуфт:
— Домуллопоччо, хавотир нашавед. Ман ҳам розӣ.
Пагоҳи ҳамон рӯз, вақте ки писарони Яъкубҷон пештахтаи дӯконро мебардоштанд, Асирӣ ҳозир шуда, ба Абдуҷаббор пул дод, ки чор дона нони саидҷӯлокӣ ва як коса қаймоқи хуб ёфта биёрад. Фурсате нагузашта Яъкубҷон ҳам пайдо шуд. Аз дӯкон харакеро берун бароварда гузоштанду ба рӯи чорпоя ба ҷои дастархон миёнбандро кушоданд ва ҷои кабуд фармуданд.
— Хӯш, таксир, байти гирамафун чӣ шуд? — пурсид фаранг.
— Агар тайёр намебуд, ман ба ин ҷо омада, харҷи нопуштаро ба гардан намегирифтам, — шоир бешитоб даст ба кисаи даруни камзӯли чесуча дароварда, қогази чорқатеро берун оварда, айнак ба чашм гузошту хонданро шурӯъ намуд:

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё