Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
— Дуоятон илоҳӣ иҷобат шавад. Аҷаб гапҳо мегӯед, тақсир! Наход ба харидани ягонга наваш қурбатон нарасад?— табассумкунон Яъқубҷон ба рӯи борик, пешонии фарох ва даҳони майдаю лабони тунуки шоир дида дӯхт.
— Мо бечорагон наъли аспи мурдаро мековем, устоҷон. Сангбуррӣ шикаму сару танамонро як навъ пуру обод кунад ҳам, ба даргоҳи воҷибтаоло сад ҳазор бор шукр мегӯем,— қоҳ-қоҳ хандид Асирӣ.— Мо, ки боғи болою осиёи поён надорем.
— Як байти шумо, тақсирҷон, барои мо аз ҳамаи боғу роғ, осиёю обҷувоз изофа,— олиҳимматӣ кард Яъқубҷони фаранг.
— Вале афсӯс ба ҳалво гуфтан даҳон ширин намешавад, дӯстам,— оҳ кашид бо қиёфаи ҷиддӣ шоир.— Беҳазлу шӯхӣ мегӯям. Ягонга арзонтарашро ёбед, барои ман бихаред.
— Тақсирҷон, нави ин чизи инҷиқ чист, ки кӯҳнааш бошад? Ҳоҷӣ Отабой яктаашро зимистони гузашта харида буданду ягон ҳафт бор вайрон карда, ба ин ҷо оварданд,— гуфт Яъқубҷон.— Охир вайроншавии ваю пулсарфкунӣ ба дилашон зада, дар сайри лола ба тахтасанге чунон бардошта задаанд, ки абҷақаш баромадааст.
— Ҳакимҷон писарам,— гуфт шоир,— ту оё намедонӣ, ки ҳамон гиромуфини абҷақаш баромада ҳоло дар куҷо? Шояд ба дасти шумо афтод, боз ба ҳоли аввалаш биёреду муфт не, арзон карда ба ман фурӯшед.
Ман одами бадфеъл не, бардошта намезанам.
— Ба қавли дадом, домуллопоҷо, як байт дар ҳаққи гирамафун гуфта биёред, худамон навашро харида медиҳем,— аз даҳони Ҳакимҷон баромада монд.
— Ба ҳамин қавлу ваъдаат меистӣ?
— Меистам гӯй, писарам,— таклиф намуд Яъқубҷон аз зуд ҷавоб нагардондани писараш ҳиҷил шуда.— Оқибандозамон ба харидани як гирамафун нарасад, фарангу фарангзода шуда чӣ мекунем? Лекин, тақсир, шарт ҳамин, пагоҳ аз намози бомдод баромада, ба ҳамин ҷо мебиёеду байти наватонро ба мо мехонед. Маъкул шавад...
— Аввалан, ман ба намоз намебароям. Сониян, шумо метавонед шеърро шунида бигӯед, ки ба ман маъқул нест. Бинобар ин, эй шайхи покдоман маъзур дор моро!..

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё