Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

АдабиётҚиссаТаърих
Аз аввал хондан

дам ба дам шиддат гирифта, дунёро ба чашми ӯ торик мекард. Алалхусус дар тирамоҳу баҳорони тару нам азоби ӯ дучанд меафзуд. Бинобар ин, фарзандон падарро ба кор кардан намегузоштанд.
— Шумо як нафас шишта истед, домуллопоҷо, ман давида падарамро ёфта мебиёям, — гуфт Ҳакимҷон.
— Лекин шарт ҳамин, ки таронаи Содирхонамонро ба гиромуфинат ёфта мемонию то омаданат мо ин рӯю он рӯи лаганро гардонида, шунида кайф мекунем, — розӣ шуд шоир.
Ҳакимҷон карнаи аз сандуқча ҷудо кардашударо боз ба ҷояш гузаронд ва дастаро тоб дода, лаганеро ки дар этикеташ сурати Содирхон буд, ниҳод ва сӯзани наве гузаронда, онро ба канораи лаган гузошт.
Панҷ-шаш бор ба гӯш садои шив-шив расид ва баъд запгӯлаи нохуни ҳофиз, садои танбӯр ва аз паси он овозаш баланд шуд. Шоир барои пинҳон доштани ваҷд чашм нимрог намуда, бо кафу ангуштони борик-борики рагҳои кабудашон намоён, ришу бурутҳои бо ангушт кандаю ноҳамвор сабзида баромадаро пӯшид. Ба ҷуз овози дилнавози Содирхон дигар тамоми ҳою хуи бозорро нашунида монд. Содирхон ғазали Ҷомиро оғоз намуд:

Ба як карашма Зулайҳоваше дили моро
Чунон рабуд,
ки Юсуф дили Зулайҳоро.

Мақоми дилошӯб, овози ҳарчанд аз будаш борик ва суруди аз тапгин майдони лаган тез навишташуда, шоирро маст карда буд магар, ки аз рӯгардон карда гудошта шудани лаган ва аз пайдо шудани Яъқубҷон дар сараш огоҳ нашуд. Саломи ӯ вайро ба хуш овард, ки аз ҷой бархост.
— Эй, устои азиз, шумо дар куҷоҳо мегардед, ки кас ёфта наметавонад? — вохӯрӣ кард ӯ. — Дар ҳамин наздикиҳо будед магар, ки ба ин зудӣ писар шуморо ёфта омаданд? Аз рӯятон гардам, устои азиз. Ба фарзандаҳои худ фармоед, ки кӯҳна бошад ҳам, майлаш, ягон арзонбаҳои ин гирамофонро ёфта диҳанд.
Дуои ҷонашонро мекунам. Дар сари ҳар намозе, ки ягон ракъат дар умрам нахондаам, аз Худованд дархост менамоям, ки фарзандонатам телеграфи бесим ҳам созанд.

пешина
аз 447
навбатӣ