Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шаби шаҳр» меномиданд ва ғайра корҳои дигари техникии навбаромадро медонистанд.

Чунон ки як вақте харидорони мошинаҳои чокдӯзии дастӣ бисёру буданд, акнун талабгорони помошинаи чокдӯзӣ ва алалхусус граммофон зиёд мешуданд. Ҳамаи боёну савдогарон ва баъзе одамони, чи тавре ки мегуфтанд, ба худашон тинч, мехостанд ин эъҷози техникаро дошта бошанд. Ин асбоби нозукро ҳам соҳибонаш зуд-зуд вайрон мекарданд ва барои таъмир албатта ба писарони Яъкубҷони фаранг меоварданд.

Пулдорро кабобу бепулро бӯи кабоб. Ҳазорон одамон, ки дидану шунидани ин аромати хиради одамиро орзӯ доштанд, монандӣ магасҳои хираи карахти охири тирамоҳ, ки ба бадан нишаста худро гарм намудан мехоҳанд, аз пеши дӯкончаи назарногири дур рафтан намехостанд, ки дар он ҷо аз карнаи айнаи ба гули гиёҳи печак монандӣ ба сандукчаи дастакдор нишондашуда овози қалбакинамошудаи чирросии Ҳамрокулқорӣ ва Тӯйчӣ ҳофизи ӯзбекон, Содирхон ва Ҳочиабдулазизи тоҷикон ба гӯш мерасид.

Барои одамон шунидану дидан кифоя набуд. Шиносони фарангизодагон бериёёна ба дӯкон медаромаданд ва бо нӯги пой истода, ба дарунтари карнаи граммофон нигоҳ мекарданд ва агар монанд, дастаки онро ба чапу рост тоб доданӣ мешуданд.

Боре ба дӯкон шоир Асирӣ омад, ки Яъкубҷони фарангро суроғ карда наёфтааст. Яъкубҷони ҳанӯз на он қадар пир ҳоло кор карда метавонист. Дасти рости ӯ аз кор баромада буд. Онро муфаттиши жандармерия дар вақти истинтоқ ба қафо тоб дода, аз поёни оринҷ гӯё шикаст. «Агар қоил нашавию ба гардан нагирӣ, ки ту аз пайравони социал-демократҳои рус ҳастӣ ва бо устои аз шаҳр бадарғашудаат мукотиба дорӣ ва ба нишондоди ҳамонҳо ба шӯриши хуҷандиҳо иштирок намудӣ, дар зиндон пӯсида меравӣ. Ҳазорон ту барин сартҳои галарав нест шуда раванд, империяи бузурги Россия осебе намебинад», мегуфт ӯ.

Даст губчаквор варам карда буд. Вақте ӯро аз ҳабс забонхат гирифта, ба шарти аз дарвозаи шаҳр берун набаромадан ва аз хусуси азобҳои истинтоқ ба касе даҳон накушодан сар доданд, ёрои қадаммонӣ надошт. Табиберо оварданд, шикастубандӣ ва дорую дармон кард. Варам гашт. Вале дарди ҷонгудози даст

пешина
аз 447
навбатӣ