Зеҳн
Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.

Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа

ҚиссаТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

солдатҳо буд ва баъд ходими фаъоли матбуоти тараққихоҳ мешавад. Бештар аз сесад очерк, ҳикоёт, ашъор ва мақолаи ӯ мардумро ба қиёми зидди ситам даъват мекарданд, ки дар маҷаллаю рӯзномаҳои замонаш табъу чоп гардидаанд. Чӣ қадари онҳоро цензура таг зада бошад, худи ӯ медонад ва, чунон ки маълум аст, Худо...

Богданик дар Хуҷанд китобхона ҳам кушодани мешавад. Лекин бо вуҷуди такопӯи бисёре ин ба ӯ муяссар намегардад.

Дар солҳои ҳафтод ва ҳаждаҳ он соҳибдили ба муродрасида ба барқарор намудани Ҳокимияти Советӣ дар Хуҷанд ширкат менамояд. Ва баъди ду соли ин ба Латвияи буржуазӣ меравад ва барои ташкил намудан ва баровардани газетаи «Хушхабарҳо» дастгир ва ҳабс мегардад, зеро дар газета Богданик бо эҳсосоти бузург сохти советиро таъриф ва сохти буржуазиро дашном менамояд. Ӯ аз ҳабс озод шудан ҳамон соли бисту шашум боз ба Хуҷанд бармегардад ва аъзои коллегияи ҳимоятгарон мешавад.

Баъд чӣ шуд? Боз дар куҷоҳо ӯ чӣ кор мекард ва хокаш дар куҷост? Ҳоло маълум нест. Вале оё иштибоҳе буда метавонад ба ин ки Александр Дун ин муамморо ҳал менамояд? Ҷӯянда ёбанда аст.

V

Аз Яъқубҷони фаранг се фарангизода ба дунё омаданд. Аз онҳо як нафар касби асосии падар — ду- редгарию кандакориро соҳиб шуд. Ин Охундҷон аст. Дуи дигар Ҳакимҷон ва Абдуҷаббор пешаи дигари па- дар — механикиро аз худ намуданд. Дар бозор дар наздикии ҳавлии худ онҳо дӯконча кушоданд ва аз бом- додон то шом сар аз кор набардоранд ҳам, хоҳиши ҳа- маи онҳоеро, ки асбобу анҷомашонро ба таъмир меовар- данд, ба ҷо оварда наметавонистанд. Ин ду тан ба ҷуз ҳамон коре, ки падар дар ин бобат метавонист, шино- нидан ва ба кор андохтани мошинаҳои оббарории со- хилро, ки номи «чархи фалакро» гирифтаанд, даргиро- нидану хомӯш намудани чароғи газиро, ки дар болои ду симчӯб дар Чорраҳа ва дар чойхонаҳо дар фанорҳои калон шуввос зада дар мегирифтанду хуҷандиҳо «шамъи

пешина
аз 447
навбатӣ