Маъвои дил

Ин китоб повесту ҳикояҳои Раҳим Ҷалилро дар бар гирифта, воқеаҳои таърихӣ ва тавсифи ҳаёти мардумро ба риштаи тасвир мекашад. Асар саъю кӯшиши одамонро дар роҳи бунёди ҳаёти навин ва мубориза бо душвориҳо нишон медиҳад.
Агенти Зеҳнӣ · 12 октябри 2026 · 447 саҳифа
баски ин, мумкин буд то имрӯз ва хеле солҳои дигар боз ӯ гумном бимонад. Вале тасодуфе ӯро ба мардуми рӯзҳои мо шиносонд.
Дар институти педагогии Ленинобод Александр Зиновьевич Дун ном олими таърихшинос ва соҳибқалами исту бисташ ғайрат, ҷустуҷӯ, шавку рағбаташ ба шунидан ва донистан бузурге ҳаст. Чунон ки ӯ нақл менамояд, боре библиографияи нашрҳои давраро дидаравон ба хабари ғалатие дучор меояд. Дар он гуфта мешавад, ки дар соли ҳазору нӯҳсаду нӯҳ Вера Григорьевна Рык Богданик ном зане дар Хуҷанд журнали «Красное солнышко»-ро нашр менамуд.
«Наход? Дар Хуҷанд дар соли ҳазору нӯҳсаду нӯҳ? Ин чӣ зан аст ва он чӣ гуна маҷалла?» Ин хаёл сангреза шуда, ба даруни пойафзоли Александр Зиновьевич меафтад. Муайян намудани киву чикора будани ношир, ҳавои дидани журнал, ки гӯё як шуморааш рӯи дунёро дидаасту халос, ӯро ором намегузорад.
Муддате нагузашта дар сояи ба сад дар сар халидану пурсуҷӯ, ӯ маълум мекунад, ки нусхаи ягонаи ин журнал дар китобхонаи Академияи фанҳои СССР маҳфуз аст. Ҷустуҷӯгар ба ҳар сатри ин журнали нодир фурӯ рафт ва чунон бо ҳавасу рағбати тамом мехонд, ки на фақат сатрҳои ҷудогона, балки саҳифа-саҳифаҳои он ба ӯ ёд шуданд. Маълум шуд, ки ношир Вера Григорьевна набуда, балки шавҳари ӯ Георгий Маркеньянович Рык Богданик мебошад, ки барои як қадар нуҳуфтани фаъолияту амалиёти худ ба номи занаш ба журналбарорӣ рухсат гирифтааст.
Акнун куҷоиву чикора будани ноширро фаҳмидан мехост ҷустуҷӯкунандаи беқарори мо. Ӯ ба даҳҳо нафар касони шиносу ношинос, ба идораю ташкилотҳои дуру наздик мактубҳо навишта, охируламр ба ин саволҳояш ҳам ҷавоби босавоб ёфт.
Рих Богданик соли шасту панҷуми асри гузашта
дар Латвия, дар оилаи деҳқон таваллуд мешавад. Ӯро
ба деҳқонони Дилварзин монанд кардани Яъқубҷон
ҳам, аз ин мебарояд, дуруст будааст. Деҳқонбачаи чафодидаву балокаш ҳанӯз аз ҷавонӣ ба гирдоби рӯзгор
сарпоён меравад, ки вай онро гоҳ ба рӯю гоҳ ба қаъри худ гирифта, аз деҳот ба деҳот, аз билод ба билод
ҳаво медиҳад. Ғайр аз касбҳое, ки зикрашон шуд, ӯ аз
солҳои навадум пропаганлисти байни деҳқонон ва коргарону

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё